Бонувони волейболбози Вазорати корҳои дохилӣ соҳиби «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» гардиданд
ДУШАНБЕ, 06.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» дастаи волейболбозони «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ғолиб омада, соҳиби Ҷоми мусобиқа гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба ин муносибат имрӯз Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода волейболбозони ғолибро бо ин дастовард ва иди бонувон – Рӯзи Модар табрик гуфта, дар фаъолияти ояндаашон бурдборию муваффақият таманно кард.
Ҳамчунин ба варзишгарони ғолиб туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Бонувони волейболбози Вазорати корҳои дохилӣ аз худ маҳорати баланд нишон дода, 5 март дар даври ниҳоии мусобиқа дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллиро бо ҳисоби 3:0 мағлуб сохтанд. Дар ин гурӯҳ мақоми сеюмро дастаи Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба даст овард.
Мусобиқаи мазкур бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар, ки бо ташаббуси Мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида буд, аз 10 феврал то 5 март дар толори Муассисаи давлатии Маркази омодакунии олимпии дастаҳои мунтахаби шаҳри Душанбе (Манеж) идома ёфт.
Дар ин мусобиқа, ки аз соли 2017 инҷониб доир карда мешавад, имсол 42 дастаи волейболбозони касбӣ ва ғайрикасбӣ ширкат намуданд. Дар мусобиқаи касбӣ дастаи волейболбозони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойи аввал, дастаи Душанбе-1 ҷойи дуюм ва дастаи вилояти Суғд мақоми сеюмро ишғол намуданд.
Ғолибони мусобиқа аз ҷониби ташкилкунандагон бо Ҷом, диплом, медалу Ифтихорнома ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.










Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






