COVID-19. Беш аз 80%-и аҳолии Тоҷикистон бар зидди коронавирус ваксина гирифтан мехоҳанд

Март 4, 2021 15:09

ДУШАНБЕ, 04.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бар асоси пурсиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ беш аз 80%-и аҳолии Тоҷикистон бар зидди коронавирус ваксина гирифтан ё худ эм кардан мехоҳанд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора имрӯз муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Самариддин Ализода ба ҳафтаномаи «Тоҷикистон» иброз доштааст.

«Мо аз аҳолии ҷумҳурӣ пурсидем, ки хоҳиши эм кардан доранд  ё не ва натиҷаи пурсишамон маълум кард, ки 81%-и сокинони Тоҷикистон эм кардан мехоҳанд», — гуфт С. Ализода.

Ба иттилои муовини вазир, дар навбати аввал ворид кардани ваксинаи Британияи Кабир «АстраЗеника» дар назар  аст ва мувофиқи нақша, моҳҳои март-апрел ин ваксина ворид карда мешавад. Ворид кардани ваксинаи Чинро гурӯҳи корӣ меомӯзад ва тасмими ниҳоӣ мегирад.

Ба таъкиди номбурда, самаранокии ваксинаи «АстраЗеника» 63,1%-ро ташкил дода, он айни замон дар 55 давлати ҷаҳон дар мубориза бо сирояти коронавирус истифода бурда мешавад.

«Тамоми ҳуҷҷатгузориҳо омода ва пешниҳод шудаанд. Рӯзҳои наздик зиёда аз 192 ҳазор ваксинаи «АстраЗеника» ворид карда мешавад.  Дар навбати аввал 20 фоизи аҳолӣ ин ваксинаро мегиранд, — гуфт муовини вазир. — Дар ибтидо тамоми кормандони  соҳаи тандурустӣ, сар карда аз кормандони хурди тиб то сартабибон ва кормандони хоҷагидорӣ, баъдан шахсони синнашон аз 60 боло ва гурӯҳи одамони осебпазир, ки бемориҳои ҳамрадиф доранд, яъне, шахсони гирифтори бемориҳои қанд, гепатит, ки аз 20 то 49-сола мебошанд, эм карда мешаванд».

Ба гуфтаи муовини вазир, эмкунӣ ихтиёрӣ ва ройгон аст ва дар тамоми  марказҳои саломатӣ аллакай яхдонҳо барои нигоҳдории ваксина ва утоқҳои  махсус барои эмкунӣ ташкил шудаанд.

Тавре С. Ализода тазаккур дод, аллакай кормандони тиб аз омӯзиш гузаштаанд. Бинобар ин, эмкунӣ ягон душворие надорад. Ҳоло вазифаи асосӣ зиёд кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ мебошад.

«Эмкунӣ як дақиқа вақтро мегирад ва ҳамагӣ 64%-и аҳолӣ эм карда мешаванд. Ногуфта намонад, ки ваксинае, ки ба Тоҷикистон меояд, барои нафарони аз 18-сола болост», — гуфтааст ӯ.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки шаҳрвандони хориҷие, ки дар рӯйхат ҳастанд, бе  мушкилӣ метавонанд ваксина гиранд.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз моҳи январ дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус расман ба қайд гирифта нашудааст. Мувофиқи омори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ то 3 март дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфтаанд. Инчунин 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

 

АКС аз ҳафтаномаи «Тоҷикистон»

Март 4, 2021 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»