Дар Балх ва Форёби Афғонистон дар натиҷаи ҳамлаҳо 16 нафар толиб кушта ва 12 нафари дигар маҷрӯҳ карда шуданд

Март 26, 2021 09:58

ДУШАНБЕ, 26.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати мудофиаи Афғонистон мегӯяд, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии неруҳои дифоӣ ва амниятӣ дар вилоятҳои Балх ва Форёб ба “Толибон” талафоти сангин ворид карда шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории khaama.com.

Вазорати мудофиаи Афғонистон бо нашри хабаре 24 март гуфтааст, ки рӯзи гузашта неруҳои ҳавоӣ дар вулусволиҳои Балх, Чаҳор Булак ва Давлабободи вилояти Балх ба мавзеъҳои ҷамъшавии ҷангҷӯёни гурӯҳи “Толибон” (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ҳамла карданд.

Дар натиҷаи ҳамлаҳо 16 нафар толиби мусаллаҳ кушта ва 12 нафари дигар маҷрӯҳ ва баъзе аз силоҳу муҳимоти онҳо нобуд карда шуданд.

Дар хабарномаи дигари вазорат гуфта шудааст, ки дирӯз неруҳои дифоӣ ва амниятӣ бо ҳимояти қувваҳои ҳавоии кишвар мавзеъҳои ҷамъшавии “Толибон” -ро дар вулусволиҳои Қайсор ва Хоҷа Сабзпӯши вилояти Форёб ҳадаф қарор доданд.

Дар натиҷаи ин амалиётҳо 34 ҷангҷӯи “Толибон” кушта шуданд ва 14 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти маҳаллии вилояти Бодғис иттилоъ додаанд, ки дар натиҷаи таркиши минаи канори роҳ дар вулусволии Обкамари ин вилоят чаҳор корманди полис кушта шуданд.

Волии вилояти Бодғис Ҳисомуддин Шамс ин хабарро таъйид карда, гуфтааст, ки се рӯз боз амалиёт барои аз вуҷуди “Толибон” пок кардани мавзеъҳои вулусволии Обкамар идома дорад.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи амалиёт панҷ ҷангҷӯи “Толибон” кушта ва ҳафт тани дигар захмӣ шудаанд.

Март 26, 2021 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд