Дар Душанбе хатсайри нави автобуси №55 ба фаъолият оғоз менамояд
ДУШАНБЕ, 12.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 15 марти соли равон дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе хатсайри нави автобуси №55 (терминали мусофирбарии Дарвозаи ҷанубӣ-Боғи «Роҳи Оҳанчиён») ба фаъолият оғоз менамояд. Автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои Мастонгулов, А. Дониш, С. Айнӣ, С. Шерозӣ, Соҳилӣ, Ҷомӣ, Н. Қарабоев, Ҷанубӣ ва шоҳроҳи Бохтар ҳаракат менамоянд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар хатсайри мазкур ба сокинон ва меҳмонони пойтахт автобусҳои муосири ватании тамғаи “АКИА ОРИЁ-LE 8” хизмат мерасонанд. Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 11 декабри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 36 автобус ва 69 троллейбуси нав дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри” аз аввали соли 2020 дар асоси фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе истеҳсоли автобуси дохилишаҳриро бори аввал ба таври силсилавӣ, бо номгузории тоҷикӣ — “Акиа Ориё” оғоз намуд. Автобусҳои дохилишаҳрии тамғаи “Акиа Ориё” истеҳсоли корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо дарозии 8 метр барои 64 нафар мусофир пешбинӣ гардидааст. Автобусҳои нав аз лиҳози суръат, вазни камтар ва кутоҳтар будан барои фаъолият дар кӯчаҳои на он қадар васеъ дорои бартарияти зиёд мебошанд.








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






