Дар Душанбе марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 02.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё Тоҷикистонро макони баргузории бозиҳои марказонидашудаи Ҷоми AFC-2021 дар гурӯҳи «F» тасдиқ кард, ки дар он барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон – дастаи футболи «Хуҷанд» иштирок мекунад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 дар минтақаи Марказӣ, дар гурӯҳи «F» ҳарифони дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд-дастаҳои АГМК ё «Насаф»-и Ӯзбекистон, «Олтин Асир»-и Туркманистон ва «Алай»-и Қирғизистон ҳастанд. Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 дар формати марказонидашуда дар як давр аз 14 то 20 май доир мегардад. Бозиҳои марказонидашудаи Ҷоми AFC-2021 дар гурӯҳи «Е» аз 14 то 20 май дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон доир мегарданд, ки ғолиби Ҷоми Тоҷикистон – дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо дастаҳои футболи «Дордой»-и Қирғизистон ва «Аҳал»-и Туркманистон вомехӯрад.
Ғолибони гурӯҳҳои минтақаи марказии Ҷоми AFC-2021 дар финали минтақа байни ҳам вомехӯранд, ки аз ду бозӣ иборат буда, 11 ва 25 август ба нақша гирифта шудааст. Дар сурате ки дастаи АГМК ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2021 роҳхат бигирад, Ӯзбекистонро дар Ҷоми AFC-2021 «Насаф» намояндагӣ мекунад. Дар ҳоли муваффақ нашудан дар бозии плей-оффи Лигаи чемпионҳо клуби АГМК дар Ҷоми AFC-2021 иштирок менамояд.
Ҷоми КФО-2021
Минтақаи марказӣ
Гурӯҳи «Е»
Макон – Бишкек, Қирғизистон
«Равшан» (Тоҷикистон)
«Дордой» (Қирғизистон)
«Аҳал» (Туркманистон)
Даври 1-ум
14 май (ҷумъа)
«Аҳал» (Туркманистон) – «Равшан» (Тоҷикистон)
Даври 2-юм
17 май (душанбе)
«Дордой» (Қирғизистон) – «Аҳал» (Туркманистон)
Даври 3-юм
20 май (Панҷшанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) — «Дордой» (Қирғизистон)
Гурӯҳи «F»
Макон – Душанбе, Тоҷикистон
АГМК ё «Насаф» (Ӯзбекистон) — «Алтин Асир» (Туркманистон)
«Хуҷанд» (Тоҷикистон)-«Алай» (Қирғизистон)
Даври 1-ум
14 май (ҷумъа)
АГМК ё «Насаф» (Ӯзбекистон) – «Алай» (Қирғизистон)
«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)
Даври 2-юм
17 май (душанбе)
«Алай» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)
«Хуҷанд» (Тоҷикистон)– АГМК ё «Насаф» (Ӯзбекистон)
Даври 3-юм
20 май (панҷшанбе)
АГМК ё «Насаф» (Ӯзбекистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Алай» (Қирғизистон)








Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид






