Дар Душанбе Мусобиқаи кушод оид ба таэквондо баргузор гардид

Март 11, 2021 13:20

ДУШАНБЕ, 11.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таэквондо байни наврасону ҷавонон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» доир карда шуд. Дар ин бора аз  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон  хабар доданд.

Мусобиқаи мазкур дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и шаҳри Душанбе бо дастгирии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, дар мувофиқа бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи таэквондои (WTF) кишвар роҳандозӣ карда шуд.

Дар маросими ифтитоҳи он муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ, подполковники хизмати дохилӣ Аслиддин Шоҳиён ва сардори Раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Маҳмадализода оид ба сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати кишвар дар самти варзиш ва солимии ҷомеа сухан гуфтанд.

Мусобиқаи таэквондо байни наврасон (аз 10 то 14-сола) ва ҷавонон (аз 14 то 17-сола) мутобиқи қоидаҳои байналмилалии «WTF» (Таэквондои ҷаҳонӣ) ва бо истифода аз системаи доварии электронии Daedo ва KP&P баргузор карда шуд. Муҳорибаҳо аз ду намуд- инфиродӣ (KIRUGI) ва даставӣ дар 5 вазн сурат гирифтанд.

Дар мусобиқа 12 дастаи таэквондочиёни наврасу ҷавон аз шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод бо теъдоди 150 нафар варзишгарон иштирок доштанд.

Аз Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» 25 нафар варзишгар баромад намуда, ба гирифтани 7 медали тилло, 2 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд. Аз ҳисоби даставӣ ҷойи якумро дастаи «Душанбе-1», ҷойи дуюмро дастаи «Динамо» ишғол намуда, ҷойи сеюмро дастаи «Кӯлоб» соҳиб гардиданд.

Ҳамин тариқ, ҷойҳои якумро динамочиёни наврас Абубакр Қодиров дар вазни 33 кило, Анушервон Мусоев дар вазни 37 кило, Аъзам Отабуллоев дар вазни 49 кило, Шералӣ Қарабоев дар вазни 53 кило, Ҷаҳонгир Абдуллоев дар вазни беш аз 53 кило, миёни ҷавонон Суруш Махсумов дар вазни 48 кило ва Муҳаммадсиддиқ Тухтасинов дар вазни 55 кило ишғол намуданд. Ҷойҳои дуюмро Комила Муъминова дар вазни 63 кило дар байни ҷавондухтарон ва Зикрулло Саъдуллоев дар вазни 63 кило миёни ҷавонон соҳиб гардиданд.

Ғолибони даставии мусобиқа бо Ҷом ва дипломҳо мукофотонида шуда, ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо медал, ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин беҳтарин варзишгар, беҳтарин мураббӣ, беҳтарин довар, беҳтарин ташкилкунанда ва «иродаи пирӯзӣ» бо ҷоизаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Март 11, 2021 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар ноҳияи Шаҳринав бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Доир ба нақши таърихии Пешвои миллат дар эҳёи давлатдории миллӣ ва таҳкими сулҳу субот ҳамоиш баргузор шуд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
ПРЕЗИДЕНТ — МЕЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР. Ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ПЕШВОИ МО-ИФТИХОРИ МО. Дар вилояти Хатлон Рӯзи Президент бо шукуҳу шаҳомат таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ-РАМЗИ САДОҚАТУ ВАФОДОРӢ БА ВАТАНИ МАҲБУБ. Дар Суди конститутсионӣ ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Академияи миллии илмҳо конференсияи илмию назариявӣ баргузор шуд
Дар Бадахшон Рӯзи Президент бо тантана таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво рӯзона то 24 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Ёвон Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ таҷлил гардид
Меъмори тоҷиктабори муқими Олмон Саидумари Маъсум: «Эмомалӣ Раҳмон барои миллат ҳамчун шоҳ Исмоили Сомонӣ хидмат намуданд»