ИД МУБОРАК! Дар Хатлон Рӯзи кормандони мақомоти Прокуратура таҷлил гардид

Март 14, 2021 09:17

ДУШАНБЕ, 14.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз кормандони  мақомоти Прокуратураи Тоҷикистон иди касбии худро таҷлил менамоянд. Мусаллам аст, ки 8 апрели соли 2015 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»  тағйирот ворид намуд, ки тибқи он ҳамасола дар  мамлакат 14 март иди касбии кормандони мақомоти прокуратура таҷлил мегардад. Қаблан он 14 декабр ҷашн гирифта мешуд. Дар ин рӯз таҷлил намудани Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура  ба он рабт дорад, ки 14 марти соли 1992  Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида,   тибқи он вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки  13 март бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва прокурори вилояти Хатлон Абдураҳим Раҳимзода ҷамъомади тантанавӣ  доир гардид.

Раиси вилоят аҳли толорро ба муносибати иди касбӣ — Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура самимона табрику таҳният гуфта, барояшон саломатии бардавом, хонаободӣ ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти хизматӣ барору комёбӣ орзу кард.

Зикр гардид, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ кормандони прокуратура бо хизмати содиқонаи худ намунаи олии хизмат ба Ватанро нишон дода, дар шароити муқовимати шадиди мусаллаҳона вазифаи муқаддаси хешро дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ сарбаландона иҷро намуда, дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки волоияти қонун асоси онро ташкил медиҳад, бо ҷоннисориҳои худ саҳми арзанда гузоштанд.

Зикр гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат имконият ба вуҷуд омад, ки шароити кории кормандони соҳа ва дар биноҳое, ки шароити муътадили корӣ вуҷуд надоштанд, сохтмон ва навсозиҳо ҷараёни тоза гирифта, шароити корӣ беҳтар карда шавад.

Дар ин давра сохтмони биноҳои нав ва иловагии прокуратураи вилоят ва ҳамаи прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо аз таъмири хушсифат бароварда шуд. Дар ноҳияҳои Восеъ, Ёвон, Фархор, Балҷувон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Данғара, Муъминобод, Ҳамадонӣ, Ҷайҳун, Хуросон ва шаҳри Бохтар биноҳои нав бо тарҳи зебои замонавӣ ба истифода дода шуда, биноҳои дигар прокуратураҳо аз таъмири хушсифат бароварда шуданд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар оянда низ дастгирии молиявию иҷтимоии кормандони мақомоти прокуратураро густариш бахшида, ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити хизмати ҳайати шахсӣ, баланд бардоштани сатҳи таъминоти иҷтимоӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Таъкид шуд, ки вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозанд, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа  дода шавад.

Бо назардошти хавфнокии ҷиноятҳои самти экстремистӣ ва террористӣ 203 ҷинояти дорои хусусияти террористию экстремистӣ ошкор ва аз рӯйи ин ҳолатҳо нисбат ба 257 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуданд, ки аз ин парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 50 нафар барои ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар каламрави дигар давлат мебошад.

Пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.

Онҳо то ҳол аз хориҷи кишвар ба тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан ҷавонони бонангу номуси вилоят инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.

«Бовар дорам, ки ҳар кадоми шумо манфиати давлату миллат ва обрӯи касбии худро муқаддас дониста, минбаъд низ риояи бечунучарои қонуният ва иҷрои талаботи интизоми хизматиро дар сафҳои худ тақвият мебахшед ва дар таҳкими волоияти қонун, ҳимояи дастовардҳои сокинони вилоят саҳми арзанда гузошта, ҳомии боэътимоди халқу Ватан будани худро собит менамоед»,-иброз дошт раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода.

Дар ҷамъомад инчунин як гурӯҳ собиқадорони мақомоти прокуратура доир ба фаъолият ва нақши ин ниҳод дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва таъмини волоияти қонун изҳори назар карданд.

Март 14, 2021 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»