Дар Маҷлиси миллӣ бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомад доир шуд

Март 5, 2021 15:57

ДУШАНБЕ, 05.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомад баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ Наврӯз Қурбонзода хабар дод.

Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Илёс Идрисзода бонувони дастгоҳи Маҷлиси миллиро ба муносибати Рӯзи Модар табрик карда, изҳор дошт, ки занону модарон сарчашмаи ҳастӣ, тараннумгари зебоӣ, қадршиносӣ ва нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат мебошанд. Модар меҳрубонтарин шахс барои ҳар як инсон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан ва эҳтиром ба калонсолонро ҷой медиҳад.

Зан – Модар тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсоният сарф менамояд

Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми занро дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дода, баҳри  баланд бардоштани нақши бонувон дар ҷомеа, беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занон ва ҷалби бештари онҳо ба хидмати давлатӣ пайваста роҳнамоӣ ва чораандешӣ менамоянд.

Дар кишвар аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, бонувон тибқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ фаъолияти хешро амалӣ мегардонанд.

Зикр гардид, ки натиҷаи ғамхориҳои роҳбарияти олии сиёсии мамлакат аст, ки солҳои охир теъдоди  занони ихтисосманду соҳибтаҷриба дар зинаҳои гуногуни ҳокимият — мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва дигар сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ торафт зиёд мешавад.

Дар фарҷом, ба хотири арҷгузорӣ ва саҳми назаррас дар пешрафти кори мақомот ба бонувони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ аз ҳисоби фонди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакпулии якдафъаинаи пулӣ ва туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.

Март 5, 2021 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид