Дар Маҷлиси миллӣ бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомад доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомад баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ Наврӯз Қурбонзода хабар дод.
Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Илёс Идрисзода бонувони дастгоҳи Маҷлиси миллиро ба муносибати Рӯзи Модар табрик карда, изҳор дошт, ки занону модарон сарчашмаи ҳастӣ, тараннумгари зебоӣ, қадршиносӣ ва нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат мебошанд. Модар меҳрубонтарин шахс барои ҳар як инсон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан ва эҳтиром ба калонсолонро ҷой медиҳад.
Зан – Модар тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсоният сарф менамояд
Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми занро дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дода, баҳри баланд бардоштани нақши бонувон дар ҷомеа, беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занон ва ҷалби бештари онҳо ба хидмати давлатӣ пайваста роҳнамоӣ ва чораандешӣ менамоянд.
Дар кишвар аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, бонувон тибқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ фаъолияти хешро амалӣ мегардонанд.
Зикр гардид, ки натиҷаи ғамхориҳои роҳбарияти олии сиёсии мамлакат аст, ки солҳои охир теъдоди занони ихтисосманду соҳибтаҷриба дар зинаҳои гуногуни ҳокимият — мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва дигар сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ торафт зиёд мешавад.
Дар фарҷом, ба хотири арҷгузорӣ ва саҳми назаррас дар пешрафти кори мақомот ба бонувони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ аз ҳисоби фонди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакпулии якдафъаинаи пулӣ ва туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.










Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд






