Дар ноҳияи Ашт ҷамъомади таълимӣ-тамринии мудофиавӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 12.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 11 март бо иштироки Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар ноҳияи Ашт ҷамъомади таълимӣ-тамрини мудофиаи ҳудудӣ гузаронида шуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ба ҷамъомади таълимӣ-тамринии ноҳия ҳайати шаҳрвандони дар эҳтиётбуда ҷалб карда шуда, бо онҳо доир ба омодагии ҷангӣ ва ҷалби захираҳои шаҳрвандони эҳтиётӣ амалиёт гузаронида шуд.
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо бо шаҳрвандони дар эҳтиётбуда суҳбат намуда, иброз дошт, ки онҳо бояд ҳамеша барои ҳимояи марзу бум ва мудофиаи мамлакат омода бошанд. Вазир ҳамчунин ба ҳозирин барои иштирок дар ин амалиёт миннатдорӣ баён намуд.
Зимни сафар ба ноҳияи Ашт Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони ноҳия аз ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла комиссариати ҳарбии ноҳия ва қисми ҳарбӣ дидан намуда, бо шароити маишию хизматии хизматчиёни ҳарбӣ аз наздик шинос шуданд.








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






