Дар ноҳияи Деваштич истеҳсолкунандаи асали сунъӣ боздошт шуд

Март 2, 2021 09:40

 ДУШАНБЕ, 02.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Санҷиши маълумоти фаврии воридшуда ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Деваштич тасдиқ кард, ки шаҳрванд Шаҳриёр Қосимов, соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи Деваштич дидаву дониста, ҷинояти фиреби истеъмолкунандагонро содир намудааст. 

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, гумонбаршуда қариб як сол инҷониб ба истеҳсоли асали сунъӣ машғул шуда, бо истифода аз шакар, кислотаи лиму, оби нӯшокӣ ва иловагиҳои маззадиҳанда маҳсулоти ба асал монанд таҳия ва онро дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Зафаробод, Спитамен, Ҷ.Расулов, Хуҷанд, Б.Ғафуров, Мастчоҳ ва Конибодому Исфара ҳамчун асали табиии дар шароити кӯҳистон истеҳсолшуда ба фурӯш мебаровард. Бо ҳамин мақсад ҳуҷраеро дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷ.Расулов ба иҷора гирифта, дар шароити ғайрисанитарӣ моеъи зоҳиран ба асал монанд омода месохт.

Ташхис муайян кардааст, ки маҳсулоти истеҳсол намудаи Шаҳриёр Қосимов дар таркибаш кислотаи лиму ва миқдори зиёди крахмал дошта, барои истеъмол ба саломатии инсон зараровар мебошад ва метавонад ҳассосият (аллергия), яъне аксуламали музмини системаи масунияти организми одам ба маводу маҳсулотеро ба вуҷуд орад, ки маъмулан безарар ҳастанд.

Бинобар тафтишоти пешакӣ, гумонбаршуда барои таҳияи 1 кг асали сунъӣ қариб 10 сомонӣ хароҷот карда, онро аз 20 то 30 сомонӣ мефурӯхт. Маҳз фарқияти нархи асали худсоз нисбат ба намуди табиии он харидоронро ҷалб сохтаву фиреб хӯрдаанд.
Ошкор шудани ҷинояти мазкур аз тарафи милитсия дар ҳифзи саломатии аҳолӣ бе таъсир нахоҳад буд.

Айни ҳол нисбат ба Шаҳриёр Қосимов тибқи талаботи моддаи 294 Кодекси ҷиноятӣ — фиреби истеъмолкунанда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ҳамзамон зимни банду басти парвандаи ҷиноятӣ зам гардидани моддаи 209-и ҳамин Кодекс эҳтимол дорад.

Март 2, 2021 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд