Дар ноҳияи Сино баъди навсозӣ зеристгоҳи барқии «Саноатӣ» мавриди истифода қарор дода шуд

Март 17, 2021 15:01

ДУШАНБЕ, 17.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баъди навсозӣ зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ “Саноатӣ”, воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулови  ноҳияи Синои пойтахт   мавриди истифода қарор дода шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, айни ҳол зеристгоҳ минтақаи саноатӣ  аҳолии кӯчаҳои Ҷ. Расулов, С. Шерозӣ, Асадулло Ғуломов, Маяковский, маҳаллаҳои Роҳи нав, Меҳнатобод, Арбобхотум, Н. Ганҷавӣ ва ғайраҳоро бо барқ таъмин намуда, хароҷоти шабонарӯзии зеристгоҳ дар фасли зимистон 540 000 кВт*ст-ро ташкил медиҳад. Зеристгоҳи мазкур 18 480 муштариро бо барқ таъмин менамояд, ки аз ин шумора 17 480 муштарии маишӣ буда, боқимонда корхонаҳои саноатӣ ва тиҷоратӣ мебошанд.

Баъд аз таҷдиди зеристгоҳ ва таъмини он бо таҷҳизотҳои барқии муосир, шумораи садамаҳои технологӣ нисбат ба солҳои 2017 3 маротиба кам гашта, сифати таъминоти барқ низ беҳтар ва сарфи технологии барқ нисбат ба соли 2017 ба миқдори 1,4% кам шудааст.

Бояд зикр намуд, ки бори аввал дар зеристгоҳи барқии мазкур сохтори тақсимотии 10 кВ-и дуқабата бо воситаҳои ҳимояи микропротсессорӣ ва кори фоиданокиашон баланд дар истифода қарор дода шудааст, ки хизматрасониашон осон мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки  9 марти соли 2017 Созишномаи мубодилаи ёддоштҳо миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Япония  ба тасвиб расид,  ки дар асоси он  30 июли соли 2017 Созишномаи Грантӣ барои навсозии зеристгоҳи барқии “Саноатӣ” ва сохтмони зеристгоҳи барқии нав 110/35/10кВ “Пойтахт” бо арзиши умумии 21млн.доллари ИМА ба имзо расонида шуд.

Корҳои сохтмонӣ аз тарафи пудратчии генералӣ “Нишизава” ва зерпудратчӣ ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” бо сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд. Дар рафти навсозии ду адад трансформатори 25 МВА ба трансформатори 40 МВА-ро иваз карда, сохтори тақсимотии 35 кВ ва сохтори тақсимотии 10 кВ иборат аз 47 чашмакҳои намуди замони муосир иваз намуданд.

Ин ҳама пешравиҳо дар соҳаи рушди энергетика дар давраи соҳибистиқлолӣ, бевосита бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлоли давлатӣ амалӣ гашта истодаанд.

Март 17, 2021 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид