Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар Суғд хоҷагии моҳипарварӣ ба истифода дода мешавад

Март 20, 2021 10:25

ДУШАНБЕ, 20.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар рӯзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд хоҷагии моҳипарварӣ ба истифода дода шавад.

Аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар иттилоъ доданд, ки кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба ноҳияи Ҷаббор Расулов рафта, аз ҷараёни сохтмони ҳавзҳои гулмоҳипарварӣ дидан намуданд.

Сохтмони ин иншооти ҷашнӣ бо ҷалби техникаҳои муосир идома дошта, бинои сехи инкубатсияи сунъӣ сохта шудааст. Дар он беш аз 90 ҳазор адад кирминамоҳичаҳои гулмоҳӣ дар шароити хуб афзоиш ва тибқи талаботи биотехнология парвариш ёфта истодаанд.

Барои ободу зебо ва беҳтар намудани ҳолати экологии ин маҳал қад-қади роҳи асосӣ 2 ҳазор адад дарахтони сафедор шинонида шудаанд.

Март 20, 2021 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад