Дар шаҳри Бӯстон мумфаршкунии кӯчаҳо оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 21.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстон ба мумфаршкунии кӯчаҳои ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев ва Бобоҷон Ғафурови шаҳри Бӯстон оғоз бахшида шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар расми оғози он раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода иштирок намуданд.
Раҷаббой Аҳамадзода зимни суҳбат фарорасии Иди байналмилалии Наврӯзро ба сокинони шаҳри Бӯстон табрик гуфта, иброз дошт, ки миллати куҳанбунёди тоҷик Наврӯзро бо риояи анъанаву суннатҳо ҳамасола дар рӯҳияи баланд таҷлил намуда, онро чун ойини башардӯстонаву офаранда ба дигар халқҳои дунё муаррифӣ намудаанд. Гуфта шуд, ки бо фаро расидани баҳор корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, баҳри сарсабзу хуррам гардонидани шаҳру деҳот тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон илова намуд, ки чун дигар шаҳру навоҳӣ дар Бӯстон низ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи иншооти гуногуни иҷтимоӣ бунёду мавриди истифода қарор гирифта истодааст ва бо таъсиси иншооти нав ҷойҳои корӣ афзуда, дар натиҷа сатҳи зиндагии мардум беҳтар мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки кӯчаи ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев ва қисман кӯчаи ба номи Бобоҷон Ғафуров дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мумфарш мешавад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






