Дар шаҳри Хуҷанд амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 13.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд ва ҷалби нозирони бахши экологияи милитсия дар шаҳри Хучанд аксия-амалиёти мақсаднок таҳти унвони «Ҳавои тоза» баргузор гардид. Дар амалиёти мазкур зиёда аз 40 адад мошинҳо нигоҳ дошта шуда, бо истифода аз дастгоҳҳои махсус аз муоинаи экологӣ гузаронида шуданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд.
Иқдоми мазкур бо мақсади кам кардани таъсири зарароварии ихроҷи газҳои нақлиёти автомобилӣ ва дигар намуди сӯзишворӣ ба муҳити атроф роҳандозӣ карда шудааст.
Дар ҷараёни амалиёти «Ҳавои тоза» ба вайронкунандагони қонун ҷиҳати бартараф намудани он дастурҳо дода шуда, нисбат ба якчанд нафар санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Ташкили чунин чорабиниҳо ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки аз ҳавои софу беғубор ва тозаи муҳити атроф нафас гиранд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






