Дар Суғд маросими қуръакашии даври якуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол доир шуд

Март 12, 2021 16:20

ДУШАНБЕ, 12.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 12 март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд маросими қуръакашии даври якуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол баргузор гардид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар   ҷамъомад роҳбарияти ФФТ, Лигаи футболи Тоҷикистон, мураббиён, футболбозон ва дигар меҳмонон ширкат намуданд. Дар даври якуми чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ  дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони худ дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо мепазирад. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ба меҳмонии дастаи  «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан меравад. Дастаҳои  футболи «КМВА» бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд  бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо «Душанбе-83»-и шаҳри Душанбе байни ҳам рақобат  мекунанд.

Ҳоло таваҷҷуҳ кунед ба натиҷаи қуръакашӣ дар расмҳо

Март 12, 2021 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад