Дар Тоҷикистон амалиёти «Пиёдагард» идома меёбад

Март 2, 2021 15:04

ДУШАНБЕ, 02.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардон Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ аз 2 март то 2 апрели соли 2021 амалиёти «Пиёдагард»-ро идома медиҳад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи ташвиқоту таблиғоти Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Қурбонзода хабар дод.

Дар ин давра аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват карда мешавад, ки дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур фаъол бошанд. Инчунин талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.

Мавсуф гуфт, ки «амалиёти «Пиёдагард» ба коҳиш додани сатҳи садманокӣ мусоидат менамояд. Аммо боиси таассуф аст, ки дар баъзе ҳолатҳо садамаҳои нақлиётӣ дар саросари ҷумҳурӣ маҳз бо иштироки пиёдагардон ба амал меоянд».

Ба таъкиди сардори шуъбаи ташвиқоту таблиғоти Раёсати БДА, дар доираи амалиёти «Пиёдагард» дар баробари гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок ҳамчунин дар муассисаҳои таълимӣ ва олӣ  аз ҷониби кормандони БДА суҳбату вохӯриҳо баргузор карда мешаванд.

Март 2, 2021 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик