Дар Тоҷикистон амалиёти «Пиёдагард» идома меёбад
ДУШАНБЕ, 02.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардон Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ аз 2 март то 2 апрели соли 2021 амалиёти «Пиёдагард»-ро идома медиҳад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи ташвиқоту таблиғоти Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Қурбонзода хабар дод.
Дар ин давра аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват карда мешавад, ки дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур фаъол бошанд. Инчунин талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.
Мавсуф гуфт, ки «амалиёти «Пиёдагард» ба коҳиш додани сатҳи садманокӣ мусоидат менамояд. Аммо боиси таассуф аст, ки дар баъзе ҳолатҳо садамаҳои нақлиётӣ дар саросари ҷумҳурӣ маҳз бо иштироки пиёдагардон ба амал меоянд».
Ба таъкиди сардори шуъбаи ташвиқоту таблиғоти Раёсати БДА, дар доираи амалиёти «Пиёдагард» дар баробари гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок ҳамчунин дар муассисаҳои таълимӣ ва олӣ аз ҷониби кормандони БДА суҳбату вохӯриҳо баргузор карда мешаванд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






