Дастаи «Файзканд» медалҳои тиллои Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистонро соҳиб шуд

Март 19, 2021 14:42

ДУШАНБЕ, 19.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 19  март  дар майдони «Баҳористон-1»-и шаҳри Гулистони вилояти Суғд бозии финалии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021 байни ду дастаҳои футболи Хатлон- «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар сатҳи баланд баргузор шуд. Дастаи  футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ барандаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021 гардид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Вохӯрии дастаҳо ҷолиб сурат гирифта, бо натиҷаи 3:1 ба фоидаи дастаи  футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ хотима ёфт. Ҳанӯз дар дақиқаи 4-уми дидор футболбози «Файзканд» Маҳмуд Пиров иштибоҳан тӯбро ба дарвозаи хеш зад. Баъдан дар дақиқаи 18-ум Ҳасан Рустамов низ иштибоҳан ба дарвозааш гол зада, натиҷаро баробар кард. Дар дақиқаи 73-юм футболбози дастаи  «Равшан» Далер Шомуродов ба иштибоҳ роҳ дода, ба дарвозааш гол зада, натиҷаро 2:1 ба суди дастаи  «Файзканд» кард. Дар дақиқаи 82-юм Абдухалил Боронов ба бозӣ нуқтаи ниҳоӣ гузошта, пирӯзии дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъро бо натиҷаи 3:1 таъмин кард.

Дар бозӣ барои ишғоли зинаи сеюми мусобиқаи мазкур дастаи футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистонро бо ҳисоби 1:0  мағлуб намуда, сазовори медалҳои  биринҷӣ гардид.

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021

«Хатлон» – Тоҷикистон (U-17) – 1:0

Гол: Нуриддин Ҳамроқулов, 45+1.

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021

Финал

«Равшан» – «Файзканд» – 1:3

Голҳо: Маҳмуд Пиров, 4 – (худгол) (1:0). Ҳасан Рустамов, 18 – (худгол) (1:1). Далер Шомуродов, 73 – (худгол) (1:2). Абдухалил Боронов, 82 (1:3).

Беҳтарин бозингари бозӣ: Доробҷон Эргашев («Файзканд»).

19 март. Гулистон. Майдони «Баҳористон-1». 500 тамошобин.

Март 19, 2021 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд