Давлати Қатар барои соли таҳсили 2021 ба шаҳрвандони Тоҷикистон бурсияҳо ҷудо намудааст

Март 16, 2021 14:34

ДУШАНБЕ, 16.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Давлати Қатар барои соли  таҳсили 2021-2022 ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бурсияҳои таҳсилӣ дар зинаи бакалавр, магистратура ва доктор PhD ҷудо намудааст.

Тавре аз Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, довталабон метавонанд дар вебсайти донишгоҳҳо аз рӯи ихтисосҳои муайяннамудаи Давлати Қатар худро номнавис намоянд. Инчунин маълумот оид ба стипендия, тартиби қабул ва қоидаҳои таълимии аз ҷониби муассисаҳо тасдиқшуда дар вебсайти онҳо ҷой дода шудааст.

Ҳамчунин доштани сертификатҳои малакадонии забони англисӣ (TOEFL/IELTS, GRE, GMAT, MCAT, ACT/SAT) барои довталабон ҳатмист. Дар ҳолати пешниҳод накардани сертификатҳо, ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи онҳо мавриди баррасӣ қарор намегиранд.

Маълумоти муфассалро метавонед аз телефони  223-23-59 ё почтаи электронӣ: mbb-2008@mail.ru  пайдо намоед.

Март 16, 2021 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе