Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад»

Март 11, 2021 12:10

ДУШАНБЕ, 11.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷҷабор Раҳмонзода  кормандони ВАО-и мамлакатро бо Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11 март таҷлил мегардад, табрик намуд.

Ӯ дар суҳбат бо АМИТ «Ховар»  чунин изҳор дошт:

«Бо баракати соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воситаҳои ахбори омма рушд намуда, озодии сухан дар мамлакат таъмин гардидааст. Маҳз бо пешниҳоди Сарвари давлат 11-уми март Рўзи матбуоти тоҷик эълон шуда, дар саросари ҷумҳурӣ ин иди касбӣ бошукўҳ доир мегардад ва беҳтарин рўзноманигорон аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ қадрдонӣ мешаванд.

Дар ҷумҳурӣ Ҷоизаи ба номи устод Лоҳутӣ таъсис ёфта, рўзноманигорони касбие, ки дар давоми сол мақолаҳои ҷолиб ва воқеъбинона таълиф менамоянд, бо ин мукофоти соҳавӣ қадрдонӣ мешаванд. Ҳамзамон, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ рўзноманигорон ба мукофотҳои давлатӣ пешниҳод шуда, сазовори унвонҳои фахрӣ мегарданд. Ҳукумати кишвар ҳамеша аз аҳли қалам дастгирӣ карда, ба хидмати шоистаи онҳо арҷ мегузорад ва заҳмати шабонарўзии онҳоро қадр менамояд. 

Аҳли эҷод ва Иттифоқи рўзноманигорон солҳои охир хеле фаъол гардида, дар инъикоси рўйдодҳои кишвар саҳми арзанда мегузоранд ва беҳтарин мақола, очерк, публитсистика, мусоҳибаҳоро таълиф карда, дастоварду комёбиҳо ва камбудиву норасоиҳои ҳар як соҳа, мақомоти давлатӣ ва маҳаллиро бо далелҳо, аз рўи мавқеи касбияти хеш тасвир мекунанд.   

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни садсолагии матбуоти тоҷик иброз доштанд, ки: Муҳим нест, ки рӯзноманигорон дар кадом самт матбуоти давлатӣ ё матбуоти мустақил фаъолият доранд. Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад”. Имрўз на танҳо рўзномаҳои давлатӣ, балки рўзномаву ҳафтаномаҳои ғайриҳукуматӣ, телевизиону радио низ фаъол гардида, талош доранд, ки саҳми худро дар рушди Ватани азизамон гузоранд ва ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, маънавӣ ва фарҳангии кишварро дуруст таҳлил намуда, ба таҳаввулоти зиндагии мардум баҳои воқеӣ диҳанд 

Аҳли қалам кўшиш карда истодаанд, ки дар таҳкими сулҳу субот, амнияти давлатӣ саҳмгузор бошанд. Дар аксари рўзномаву маҷаллаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, телевизиону радио ҷиҳати таъмини амният, таҳкими пояҳои истиқлолият, ташвиқи ғояҳои давлатдорӣ, арҷ гузоштан ба фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ ва тарғиби дастовардҳои Тоҷикистони азиз дар зарфи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ назару андешаҳои олимон, ҷомеашиносон ва мутахассисони соҳаҳои гуногунро ҷой дода, ин арзишҳои волои давлати соҳибистиқлолро ташвиқ менамоянд 

Махсусан, хидматҳои шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти Ҳукумати кишвар ба таври васеъ ва густурда инъикос ёфта, нақши он дар таҳкими сулҳу субот, рушди давлатдории миллӣ ва пешрафти иқтисоди миллӣ воқеъбинона таҷассум мегардад 

Бовар дорем, ки рўзноманигорони мо дар оянда низ баҳри сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пешрафту ободонии кишвари маҳбубамон аз мавқеи касбии худ истифода карда, воқеиятро ба таври васеъ бозгў месозанд. 

Дар ин рўзи барои кормандони матбуот фараҳбахш ба ҳар як рўзноманигор саломатӣ орзу намуда, дар пешбурди фаъолияташон комёбиҳо ва дастовардҳои нав ба навро таманно менамоем 

Рўзи матбуот муборак, қаламнигорони кишвар!».

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Март 11, 2021 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон