Душанбе расман пойтахти комилҳуқуқи фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон мегардад

Март 20, 2021 12:20

ДУШАНБЕ, 20.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ шаҳри Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон расман пойтахти комилҳуқуқи фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон мегардад. Ба ин муносибат маросими ифтитоҳи тантанавии барномаи «Душанбе — пойтахти фарҳангии ИДМ-2021» дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад, ки дар маросими ифтитоҳи он ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ шаҳодатнома, ки мақоми пойтахти фарҳангиро тасдиқ мекунад, супорида хоҳад шуд. Шаҳодатномаро Анатолий Иксанов, директори иҷроияи ХБҲБ тақдим мекунад.

Бояд гуфт, ки бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи ИДМ 22 ноябри соли 2020 дар маҷмааи таърихию фарҳангии «Ситадел» -и шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон маросими пӯшидашавии соли «Шимкент — пойтахти фарҳангии ИДМ-2020» ва супоридани навбат ба шаҳри Душанбе барои соли 2021 баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ (МФГС) соли 2006 аз ҷониби ҳукуматҳои ҳафт кишвари узви ИДМ таъсис ёфта,  айни замон ба узвияти он кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон шомиланд. Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ аз соли 2007 то ин ҷониб дар доираи стратегияи худ лоиҳаҳоро дар соҳаҳои гуногуни гуманитарӣ дар ҳудуди Иттиҳод дастгирӣ менамояд. Лоиҳаи Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» аз соли 2012 то ин ҷониб амал менамояд.

Ҳадафи ин Барнома муҳайё намудани фазои мусоид баҳри муттаҳидии иқтидорҳои фарҳангӣ ва таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ байни давлатҳои узви ИДМ, бунёди пояҳои ҳамкории иқтисодӣ, рушди нумӯи маҳалҳо ва шаҳрҳои ИДМ, баланд бардоштани мақоми Иттиҳод дар ҷаҳони муосир мебошад.

Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» худро ҳамчун як марҳилаи муҳим дар муттаҳид сохтани саъю талошҳои ҷомеаи эҷодӣ бо мақсади тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ, таблиғи арзишҳои умумиинсонӣ, баланд бардоштани маърифат ва таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баргузории чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ дар ҳудуди  ИДМ муаррифӣ намуд.

Аввалин «Пойтахти фарҳангии ИДМ» шаҳри бостонии Беларус Гомел интихоб гардида буд.  Ва аз шаҳрҳои Тоҷикистон — шаҳри Кӯлоб соли 2015 ин мақомро соҳиб гашта буд.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи соли «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод» аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳои махсус иборат аз маҷмӯи чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва оммавӣ таҳия гардида, раванди барқарорсозии муҷассамаҳои таърихӣ, корҳои бунёдкорӣ ва ободонии шаҳр дар самтҳои гуногун ба анҷом расонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки шаҳри Душанбе -пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрест дар оғӯши доманакӯҳҳои сабзу хуррам ва паҳнои водии рӯдхонаҳои хурӯшон, дар муҳити барои зиндагӣ хеле созгору писандида, ки ба василаи роҳҳои мошингард, оҳан ва ҳавоӣ тамоми гӯшаву канори мамлакатро ба ҳам мепайвандад. Дарвозаҳои бошукӯҳ дар чаҳор самти пойтахт нишони суннатҳои шаҳрсозӣ ва низоми устувори шаҳрдорӣ, сифатҳои наҷиби инсондӯстӣ, бародарӣ ва меҳмоннавозии сокинони шаҳррро таҷассум менамоянд.

Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло дар пойтахт фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзали роҳи оҳан, вокзали нақлиётӣ, 37 меҳмонхона ва 57 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 32 маркази дилхушӣ, 25 бозор ва 91 маркази савдо, 26 мағозаи армуғонфурӯшӣ, 17 боғи фарҳангу фароғатӣ ва 1 боғи ҳайвонот, 14 гулгашт, 5 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 204 кошонаи ҳусн ва 201 сартарошхона, 4 кохи фарҳангӣ ва 7 театри касбӣ, 10 осорхонаву 6 китобхона, 6 амфитеатр, 23 ёдгориҳои бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ, 109 ширкати сайёҳӣ, фаввораҳо дар 37 мавзеи пойтахт, 1 Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ, кохҳои «Наврӯз» «Борбад», «Ваҳдат», «Сурӯш», 306 муассисаи табобатию профилактикӣ ҷойгир буда, ҳамарӯза ба садҳо меҳмонони дохиливу хориҷӣ аз рўйи талаботи онҳо хизматрасонӣ менамоянд.

Баландтарин парчам дар ҷаҳон бо баландии 165 метр маҳз дар шаҳри Душанбе қомат афрохта, дар китоби «Рекордҳои Гиннес» сабт гардидааст, ки яке аз мавзеъҳои истироҳативу сайёҳии сокинону меҳмонони пойтахт аст.

Ҳамзамон дар пойтахт Кохи «Наврӯз», ки аз намунаҳои олии санъати шаҳрсозии муосир буда, таҷассумгари сабки хоси меъмории миллӣ ба шумор меравад, ҷойгир шудааст. Нақшу нигор ва унсурҳои фарҳанги ороишии он таърихи беш аз 6000-солаи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷикро инъикос мекунад ва он ҳамчун муъҷизаи муосири сайёҳӣ эътироф шудааст.

Дар ин давра дар пойтахт 5 боғи нав – боғҳои фарҳангию фароғатии «Алишер Навоӣ», «Куруши Кабир», «Ҷавонон», «Аҳмади Дониш» ва «Восеъ» сохта шуда, 6 боғ – боғҳои фарҳангию фароғатии «С.Айнӣ», «Кӯли Ҷавонон», «Абулқосим Фирдавсӣ», «Хайём», «Кӯдакон» ва «А.Мироненко» пурра навсозӣ гардидаанд.

Шаҳри Душанбе бо дарназардошти имконият ва муваффақият доир ба рушди сайёҳӣ 3 октябри соли 2019 зимни баргузории ҷаласаи навбатии вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ҳамчун пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои СҲИ барои солҳои 2020-2021 пазируфта шуда, тибқи назарсанҷиҳои Агентии иттилоотии «Турстат» –и Федератсияи Россия, ба даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини кишварҳои аъзои ИДМ ва ба даҳгонаи беҳтарин шаҳри саёҳат ва сафари шабона дар ҷашни Соли нав шинохта шудааст.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Март 20, 2021 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Имрӯз дар «Кохи Суруш»- и шаҳри Душанбе Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ КӮДАКОНИ ХУШБАХТ! Дар пойтахт сохтмони 56 муассисаи таҳсилоти томактабӣ идома дорад
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ РАВАНДСОЗ. Ин равандҳо фарогири доираи васеи кишварҳо аз чор қитъаи олам- Осиё, Аврупо, Африқо ва Амрико мебошад
ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ ! Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ПОЙТАХТ — СИМОИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт
Шаҳриёри шаҳри умеду орзуҳо ва идомадиҳандаи роҳи ниёгони некном
ДУШАНБЕИ ДИГАР. Бинои нави Парлумони Тоҷикистон дар пойтахти кишвар шаҳомоти хоса дорад
ДУШАНБЕ –МУАРРИФИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГ. Сокини пойтахт будан дар баробари ифтихор аз ҳар шахс масъулияти зиёд талаб мекунад
Бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ доир мегарданд
Нақши пойтахт дар таҳкими давлатдории навини миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад
Душанбе оинаи миллат ва пайвандгари таърих бо ояндаи давлат аст