Эҳсони Панҷшанбе ба дастаи «Навбаҳор» аввалин пирӯзӣ овард

Март 16, 2021 10:21

ДУШАНБЕ, 16.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Голи нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе дар даври дуюми Суперлигаи Ӯзбекистон-2021 дар бозӣ бо  дастаи  Локомотив»  бо  ҳисоби 2:1  ба  дастаи  «Навбаҳор»-и Намангони  Ӯзбекистон пирӯзӣ овард. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ин  футболбози  шинохтаи тоҷик дар дақиқаи 63-юм вориди бозӣ шуда, дар дақиқаи 75-ум ба задани гол муваффақ шуд. Ин нахустин голи Эҳсони Панҷшанбе дар дастаи наваш ба шумор меравад.

Хотиррасон мекунем, ки дар даври якуми Суперлигаи Ӯзбекистон дастаи футболи «Навбаҳор» аз дастаи  «Суғдиён» бо натиҷаи 1:0 дучори бохт шуда буд. Ҳоло дастаи Эҳсони Панҷшанбе бо касби 3 хол дар зинаи 8-уми ҷадвал қарор дорад.

Март 16, 2021 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад