Эмомалӣ Раҳмон: «Мо фаромӯш намекунем»

Март 30, 2021 14:42

ДУШАНБЕ, 30.03.2021/АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар Конфронси 9-уми вазирони «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» дар Душанбе, ки зери унвони «Тақвияти ҳамраъйӣ барои сулҳ ва рушд» доир гардид, аз раванди сулҳи тоҷикон дар солҳои 90-уми гузашта ёдовар шуданд.

«Неъмати истиқлол ба мо гарон афтод.Раванди оштии миллӣ дар кишвари мо панҷ сол тӯл кашид, — зикр намуданд Сарвари давлат. — Ман ин ҷо аз хисороти ҷонӣ ва маънавию молии миллати азизам ҳарф намезанам.Танҳо ҳаминро таъкид мекунам, ки дар он рӯзҳои сахт пешвоёни онвақтаи мардуми афғон дар баробари дигар кишварҳои дӯст раванди сулҳи тоҷиконро дастгирӣ карда, ба мо кумаки холисона ва бародарона расониданд».

Воқеан ҳам дар давраи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки панҷ сол тӯл кашид, маҳз Афғонистон, новобаста ба он ки худаш ноором ва зери тиру туфанг қарор дошт, ба даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони фирории тоҷик оғӯши бародаронаи худро боз намуд ва барояшон  сарпаноҳ дод.

«Мо инро ҳаргиз фаромӯш намекунем», — иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бори дигар ҷиҳати ироаи таҷрибаи андӯхтаи Тоҷикистон дар роҳи дарёфти оштӣ, сулҳ ва рушди баъдӣ ба мардуми бародари афғон изҳори омодагӣ намуданд.

«Фарҷоми тамоми ҷангҳо оштист», — таъкид намуданд Пешвои миллат ва аз тамоми кишварҳои иштироккунандаи Конфронс, давлатҳои мададрасон ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ чунин даъват намуданд:

«Биёед ба мардуми шарифи Афғонистон кумак кунем, то роҳ ба сӯи таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳ ва рушди ватани онҳо барояшон осону кӯтоҳтар шавад.

Изҳори умед менамоям, ки натиҷаҳои нишасти имрӯза боз як омили муассири тақвияти бештари ҳамкории самарабахши кишварҳои аъзо ва шарикони Конфронси «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» хоҳанд шуд».

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Март 30, 2021 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид