Федератсияи Иттифоқҳои касаба ба 111 нафар донишҷӯёни ятим ва маъюби Донишгоҳи давлатии Кӯлоб кумак расонид

Март 2, 2021 16:50

ДУШАНБЕ, 02.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба 111 нафар донишҷӯёни ятим ва маъюби  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон кумаки молиявӣ расонида шуд. Кумакҳоро имрӯз Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода  зимни вохӯрӣ бо ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба донишҷӯёни ятим ва маъюб расонид.

Дар вохӯрӣ Маликшо Неъматзода доир ба самтҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, аз нуктаҳои раҳнамунсози он намунаҳо овард.

Зикр шуд, ки ғамхорӣ ба ятимону маюъбон ва дигар қишрҳои ниёзманди ҷомеа дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат ва меҳвари сиёсати иҷтимоии ҳукумат қарор дошта, ҳамеша аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ меёбад.

Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ҳамзамон ба собиқадорони соҳаи иттифоқҳои касаба ифтихорномаҳо супорид.

Март 2, 2021 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе