ФУТБОЛ. Пагоҳ бозии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон доир мешавад
ДУШАНБЕ, 24.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври ҳафтуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон доир мешавад. Ба ин муносибат дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев ба бозии даври ҳафтуми марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» муқобили дастаи мунтахаби Муғулистон омодагӣ мебинад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ба рӯйхат 24 бозингар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар дохиланд. Бояд қайд кард, ки нимҳимоятгари дастаи футболи «Навбаҳор»-и Намангони Ӯзбекистон Эҳсони Панҷшанбе ҳарчанд ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон даъват шудааст, вале ӯ аз сабаби гирифтани кортҳои зиёдатии зард дар бозӣ муқобили дастаи мунтахаби Муғулистон иштирок намекунад. Дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон тағйирот ба амал омад. Ҳимоятгари дастаи «Тамбов»-и Россия Фарҳод Восиев, ки дар дастаи худ осеб дидааст, дар бозӣ муқобили дастаи мунтахаби Муғулистон бозӣ карда наметавонад. Қаблан ҳангоми тамрини дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳимоятгар Искандар Ҷалилов лат хӯрда буд. Бинобар ин, ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии Усмон Тошев ба даста ду ҳимоятгар – Наимҷон Иброҳимзодаро аз дастаи «Хуҷанд» ва Алиҷон Кароматуллозодаро аз тими «КМВА»-и шаҳри Душанбе – даъват карданд. Ҳамакнун дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳайати комил дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе тамрин мекунад.
Ҳамчунин хотиррасон мешавем, ки имрӯз 24 март, дар арафаи бозии даври ҳафтуми марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии 2022 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон нишасти пеш аз бозӣ баргузор мешавад. Чорабинӣ дар толори маҷлисгоҳи Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 16:45 оғоз мешавад.
Бо назардошти риояи талаботҳои беҳдоштӣ, барои намояндагони ВАО пӯшидани ниқоб дар Варзишгоҳи марказии Душанбе таъкид шудааст.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






