СУТ ШУМОРАИ ОДАМОНИ ДОРОИ ПОДТАНҲОИ (АНТИТЕЛАҲОИ) ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО ЭЪЛОМ КАРД. Натиҷаҳо имкон намедиҳанд, ки ҳоло дар бораи ноил шудан ба масунияти дастаҷамъӣ ҳарф бизанем

Март 1, 2021 10:56

ДУШАНБЕ, 01.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Корманди калони илмии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Сумия Сваминатан эълом кард, ки камтар аз 10 фоизи аҳолии кураи Замин дорои подтанҳои (антителаҳои) (сафедаҳои курашакли плазмаи хун) зидди коронавирус мебошад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар мусоҳибаи дар саҳифаи Твиттери СУТ нашршуда вай гуфтааст, ки созмон таҳқиқотеро, ки зимни онҳо манбаъҳои сироят дар баъзе шаҳрҳои ҷаҳон таҳлил мешаванд, назорат мекунад.

Ба гуфтаи Сваминатан, натиҷаҳо ҳанӯз имкон намедиҳанд дар бораи ҳосил шудани масунияти дастаҷамӣ, ки ноил шудан ба он танҳо бо роҳи эмгузаронӣ бо ваксина имкон дорад, суҳбат кунем.

Дар ҳамин ҳол вай илова кард, ки дар баъзе ҷойҳо, хусусан дар шаҳрҳое, ки  аҳолии онҳо зиёд аст, тақрибан 50-60 фоизи сокинонашон сироят ёфтаанд ва дорои подтанҳо мебошанд.

Агар сокинони ин минтақаҳо, ки дорои подтанҳо намебошанд, ба ҷойҳое бираванд, ки сатҳи масунияти дастаҷамӣ нисбат ба шаҳри худи онҳо поинтар бошад, пас онҳо метавонанд сироят ёбанд, шарҳ дод коршинос.

Свамината чунин хулоса баровард, ки барои ҳамин СУТ таваҷҷуҳро ба механизми байналмилалии дастрасӣ ба ваксинаҳои COVAX ҷалб мекунад, то ин ки «ҳамаи кишварҳо ваксина дошта бошанд ва ҳарчи зудтар эмгузарониро анҷом бидиҳанд».

190 кишвар ва иқтисод дар COVAX иштирок мекунанд. Мутобиқи шартҳои барнома, кишварҳои дорои даромади баланд маблағи харидории ваксинаро барои кишварҳои камдаромад пардохт мекунанд.

Питер Бен Эмбарек, роҳбари гурӯҳи коршиносони байналмилалии СУТ, ки пайдоиши коронавирусро дар Вуҳан омӯхта буд, қаблан дар бораи 13 гунаи (штамми) коронавирус дар шаҳр дар соли 2019 нақл карда буд.

 АКСИ: РИА «Новости»

Март 1, 2021 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон