Гузоришгари махсуси СММ: Дар Эрон ҳазорон духтарони аз 10 то 14-соларо ба шавҳар медиҳанд

Март 9, 2021 12:09

ДУШАНБЕ, 09.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз ҳуқуқвайронкунии тоқатнопазир- ин издивоҷи бармаҳал аст. Дар Эрон духтаронеро, ки синнашон ҳатто ба 14 нарасидааст, ба шавҳар медиҳанд. Тавре ки АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ хабар дод, дар ин бора 8 март Гузоришгари махсуси СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Эрон Ҷовид Реҳман изҳори назар кардааст.

«Агар дар бораи ҳуқуқи духтарон ва занон сухан ронем, пас яке аз мушкилоти ҷиддии имрӯзаи Эрон-ин мушкилии издивоҷи кӯдакон мебошад»,- гуфт Реҳман.

«Ҳукумат ва дигар роҳбарон бояд синни қонунии издивоҷро дар кишвар боло бардоранд ва барои мубориза бо ин амал тадбирҳои минбаъда андешанд»,- гуфт ӯ.

Тибқи қонун, духтарон дар Эрон метавонанд аз синни 13 издивоҷ кунанд. Ҳамзамон духтарони ҳатто аз ин синн хурдтарро ба шавҳар медиҳанд – барои ин иҷозати махсуси волидон ва судяҳо талаб карда мешавад. Тибқи маълумоти СММ, дар тӯли шаш моҳ дар Эрон 16 ҳазор духтари аз 10 то 14-сола издивоҷ кардаанд.

«Синни ҳозираи ақди никоҳи қонунӣ ғайри қобили қабул аст. Мусаллам аст, ки издивоҷи бармаҳал ба рушд ва саломатии духтарон зарар мерасонад, имконияти таҳсил ва шуғли онҳоро маҳдуд мекунад, онҳоро аз ҳуқуқи доштани ҳаёти бе зӯроварӣ маҳрум менамояд”,-таъкид кард Гузоришгари махсус.

Ҳамзамон Реҳман зикр кард, ки мақомоти кишвар бояд барои ҳимоя ва васеъ намудани ҳуқуқҳои занон корҳои зиёдеро анҷом диҳанд. Тақрибан дар ҳама соҳаҳои ҳаёт, таъкид кардааст Гузориши махсус, занон дар Эрон ба маҳдудият дучор меоянд, онҳо мустақилона қарор қабул карда наметавонанд, аксар вақт ба онҳо иҷозаи расмии шавҳарон ё падаронашон зарур аст.

Ба гуфтаи Масумеҳ Эбтекар, мансабдори баландпояи давлатии ҶИЭ, собиқ ноиби президенти ин давлат дар давраи ҳукмронии Ҳасан Рӯҳонӣ, ҳар сол ҳадди ақалл сӣ ҳазор духтари то 14-сола дар Эрон ба издивоҷ маҷбур карда мешаванд.

«Одами аз 13-сола хурд воқеан кӯдак аст ва дар сурати издивоҷ вай метавонад бо оқибатҳои зиёди ҷисмониву равонӣ дучор ояд», гуфт вай, хабар медиҳад радиои Фарда.

Зикр менамоем, ки пешниҳоди қаблии парлумон дар бораи манъи издивоҷ бо ноболиғон пас аз фишори рӯҳониёни муҳофизакор аз ҷониби комиссияи судии парлумон рад карда шуд ва қонуни ҳукумат дар ин масъала аз ҷониби комиссияи судии Маҷлиси Шӯрои Исломӣ рад гардид.

Барои маълумот: Гузоришгарони махсуси СММ- коршиносони мустақиле мебошанд, ки аз ҷониби Шӯрои ҳуқуқи инсон таъйин карда шуда, барои омӯзиши вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвари мушаххас ё мавзӯи мушаххас ваколатдоранд. Гузоришгарони махсус кормандони СММ нестанд ва барои корашон музд намегиранд.

Бо сабаби пандемия ва буҳрони иқтисодӣ то охири даҳсола боз даҳҳо ақди никоҳи иловагии кӯдакон баста мешаванд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ хабар медиҳад, дар ин бора дар таҳқиқоти нави Фонди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) гуфта шудааст, ки нашри он ба Рӯзи байналмилалии занон рост омад.

Мактабҳои ғайрифаъол, мушкилоти иқтисодӣ, қатъ шудани кори хадамоти гуногуни иҷтимоӣ, ҳомиладорӣ, вафоти волидайн аз COVID-19 — ин ва дигар мушкилот боиси он мешаванд, ки кӯдакон, алахусус духтарон аз қишрҳои осебпазири аҳолӣ дучори вазъияти ғамангез гардида, роҳи ягонаи наҷотро дар издивоҷ мебинанд.

Ва то пандемия низ ин падида дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон паҳн шуда буд — бино ба маълумоти ЮНИСЕФ, новобаста аз талошҳо ва пешрафтҳо, то соли 2030 тақрибан 100 миллион духтар пеш аз  расидан ба синни камолот арӯс мешаванд. Ҳоло ин сарнавишт  110 миллион духтарони ҷавони сайёраро интизор аст.

Дар даҳ соли охир шумораи издивоҷи кӯдакон 15 фоиз коҳиш ёфт – қариб 25 миллион ҳолат пешгирӣ карда шуд. Аммо ҳоло ин тамоюл метавонад ба ақиб баргардад.

СММ борҳо зикр кардааст, ки издивоҷи кӯдакон ба оқибатҳои зиёди манфӣ — ҳомиладории бармаҳал, таҳсили ба охир нарасида, вобастагии абадии иқтисодӣ ва хушунати хонаводагӣ оварда мерасонад. Дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ аз даҳ ҳомиладории наврасон нуҳтоаш ба духтарони шавҳардор рост меояд.

Ҳомиладории бармаҳал ва таваллуд, тавре ки табибон борҳо огоҳ карда буданд, метавонанд ба мушкилоти ҷиддӣ оварда расонанд, зеро бадани кӯдакон ба чунин бор омода нест. Он сабаби асосии марг миёни духтарони наврас мебошад.

                                            АКС аз сомонаи anfrussian.com

 

Март 9, 2021 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд