Хушқадам Хусравов маротибаи дуюм барандаи Ҷоми ҷаҳонӣ ба ёдбуди Анатолий Харлампиев гардид

Март 26, 2021 10:10

ДУШАНБЕ, 26.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25 март бахшида ба  ёдбуди асосгузори гӯштини самбо дар ҷаҳон Анатолий Харлампиев  дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия мусобиқаи  Ҷоми ҷаҳонӣ дар намуди самбо баргузор гардид. Дар он вазишгари  шинохтаи тоҷик Хушқадам Хусравов иштироки  фаъолона намуда, маротибаи дуюм барандаи Ҷоми ҷаҳонии Анатолий Харлампиев гардид.  Дар ин  бора шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи варзиши самбои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусобиқа варзишгари маъруфи тоҷик дар риштаи самбо Хушқадам Хусравов дар вазни 64-кг ҳамаи ҳарифонашро мағлуб карда, барои медали тиллои мусобиқа бо намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳомидҷон Муминов рақобат намуд. Варзишгари тоҷик зимни муҳориба аз худ маҳорати баланд нишон дода, бар ҳарифи хеш дастболо шуд ва маротибаи дуюм барандаи Ҷоми ҷаҳонии Харлампиев гардид. Ба хотири ғалабаи самбочии тоҷик Хушқадам Хусравов Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта ва Суруди миллии Тоҷикистон бо тантана садо дод.

Хушқадам Хусравов  соли  2018  дар  чемпионати ҷаҳон, ки   дар  пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест  баргузор гардида буд, ҳам  медали тилло  ва ҳам унвони  чемпиони ҷаҳон ба даст оварда буд. Ин варзишгари шинохтаи тоҷик дар таърихи Тоҷикистон сеюмин чемпиони ҷаҳон оид ба самбо гардид.

Аввалин маротиба варзишгари тоҷик Саидмӯъмин Раҳимов медали тиллои Чемпионати ҷаҳон оид ба самборо моҳи сентябри соли 1975 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ба даст овард.

Дастоварди ӯро моҳи ноябри соли 2017 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия варзишгари 23-солаи тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода такрор намуда буд.

Март 26, 2021 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд