Имомхатиб дар Кӯлоб барои ҳамкорӣ бо ТТЭ ҲНИ ва сомонаи «Ислоҳ» боздошт шуд

Март 15, 2021 16:55

ДУШАНБЕ, 15.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 март кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 4 нафар, аз ҷумла имомхатиби 28-солаи масҷиди маҳаллаи «Нонвойи поён»-и шаҳри Кӯлоб Маҳмадсодиқ Саидовро барои ҳамкорӣ бо ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) ва сомонаи экстремистӣ эълоншудаи «Ислоҳ» боздошт намуданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора чанде пеш расонаҳои хабарӣ иттилоъ доданд.

Аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ ба АМИТ «Ховар» зимни шарҳи ин хабар гуфтанд, ки  Маҳмадсодиқ Саидов аз соли 2016 инҷониб имомхатиби масҷиди маҳаллаи «Нонвойи поён»-и шаҳри Кӯлоб буд.

«Тибқи иттилои бадастомада, номбурда бо сӯистифода аз мавқеи имомхатибӣ ба манфиати ташкилоти террористии фавқуззикр фаъолият менамудааст», — гуфтанд дар Кумита ва илова намуданд, ки барои халал нарасондан ба рафти тафтишот аз ин зиёд маълумот дода наметавонанд.

Бояд гуфт, ки далелҳои дастрасшуда ҳамкории Маҳмадсодиқ Саидовро бо ТТЭ ҲНИ ва сомонаи экстремистӣ эълоншудаи «Ислоҳ», аз ҷумла мудири он Муҳаммадиқболи Садриддин собит мекунанд. Бо ҳамин далел нисбат ба ӯ бо иттиҳоми ташкили фаъолияти ифротгароӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

                                                   АКС аз шабакаи иҷтимоӣ

Март 15, 2021 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд