ИМРӮЗ АЗ ТАЪСИСИ АБП ИДМ 29 СОЛ ПУР ШУД. Ба гуфтаи раиси он, «ҳамкории байнипарлумонӣ ҷузъи хеле муҳими муносибатҳои байнидавлатӣ мебошад»

Март 27, 2021 11:36

ДУШАНБЕ, 27.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 27 март, ба таъсиси Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 29 сол пур шуд. 27 марти соли 1992 сарони парлумонҳои муассис созишномаеро имзо карданд, ки мувофиқи он Ассамблея ҳамчун як мақоми парлумонии Иттиҳод таъсис дода шуд. «Дастовардҳо дар ин муддати кӯтоҳ аз рӯи меъёрҳои таърихӣ воқеан назаррасанд. Имрӯз Институт — платформаи калидӣ барои муҳокима, ҷамъбаст ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам дар соҳаи ташкили интихобот, такмили қонунгузории интихобот мебошад», — изҳор доштааст Раиси Шӯрои АБП ИДМ, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия Валентина Матвиенко дар номаи табрикотӣ, ки ба муносибати солгарди АБП ИДМ фиристода шудааст.

Пандемияи COVID-19 ба татбиқи нақшаҳои АБП ИДМ дар соли 2020 таъсири ҷиддӣ расонд. Бо вуҷуди ин, ҳатто дар ин шароити душвор, Ассамблея фаъолияту рушдро идома дод, ки махзани дастовардҳоро дар соҳаи қонунгузории намунавӣ ва дигар самтҳои фаъолият пур кард.

Дар доираи иҷлосияи баҳории Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ҷаласаҳои чор комиссияи доимӣ, ду шӯрои коршиносон ва Комиссияи муштараки назди АБП ИДМ оид ба ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бо чолишҳову таҳдидҳои нав баргузор шуданд.

Ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ 27 ноябри соли 2020 дар шакли онлайн баргузор гардид.

Соли 2020 Ассамблея 26 санади намунавии ҳуқуқӣ қабул кард.

Ёдовар мешавем, ки  моҳи ноябри соли 2020 ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ ба Москва ташриф овард (ДАР АКС). Рустами Эмомалӣ ва Раиси АБП ИДМ, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко мулоқот намуда, дар ҷараёни он масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, инчунин ҳамкории байнипарлумонӣ, аз ҷумла дар доираи АБП ИДМ ва АП СААД-ро баррасӣ намуданд.

Валентина Матвиенко аз сафари ҳайати Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, ба он далел баҳои баланд дод, ки маҳз Россия аввалин кишварест, ки Рустами Эмомалӣ ба ҳайси роҳбари палатаи болоии парлумон ба он ташриф овардааст.

«Ман шодам, ки мо метавонем гуфтушунидҳоро дар сиғаи классикӣ гузаронем, зеро муоширати рӯ ба рӯро чизе иваз карда наметавонад»,- иброз доштааст Матвиенко.

«Ҳамкории байнипарлумонӣ ҷузъи хеле муҳими муносибатҳои байнидавлатӣ мебошад. Дар ҷаҳони мураккаби зудтағйирёбанда нақши парламентҳо меафзояд ва аҳамияти махсус пайдо мекунад. Мо омодаем муносибатҳои зичтарро бо палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон рушд диҳем», — афзуд Матвиенко.

Рустами Эмомалӣ зимни суханронии хеш зикр намуданд, ки Тоҷикистон ба рушди ҳамкории гуногунҷанба бо Россия аҳамияти калон медиҳад.

«Мояи хушнудист, ки муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия имрӯз дар ҳамаи ҷанбаҳо босуръат рушд карда истодаанд»,-гуфтанд Рустами Эмомалӣ ва афзуданд, ки робитаҳои байнипарлумонии ду давлат ба сатҳи сифатан нав баромада истодаанд.

Раиси палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон изҳор доштанд, ки муносибати дӯстона ва ҳамкорӣ бо Россия самти хоси сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.

Март 27, 2021 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи 16-уми пленарии Ассамблеяи парламентии Осиё дар шаҳри Манамаи Шоҳигарии Баҳрайн баргузор гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
Дар ҳошияи Ассамблеяи парламентии Осиё таҳкими ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон баррасӣ шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Чин дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд