Изат Амон аз Россия ронда шуда, дар Душанбе аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дастгир гардид
ДУШАНБЕ, 27.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои будубош ва бо роҳҳои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба шаҳрвандии Россия Холов Изатулло Амонович (Изат Амон), соли таваллудаш 1973, зодаи Ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, бо қарори додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Москва аз Федератсияи Россия ронда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВКД ҶТ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, номбурда, ки қаблан барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ дар асоси моддаи 247, қ.4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, дар шаҳри Душанбе аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.
Бояд зикр намуд, ки Холов И.А. дар Федератсияи Россия бо роҳи фиребу найранг, бо баҳонаи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз даҳҳо нафар маблағҳои калони пулӣ гирифта, аз худ кардааст.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ нисбат ба шаҳрванд Холов Изатулло Амонович (Изат Амон), соли таваллудаш 1973, зодаи Ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ дар асоси моддаи 247, қ.4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Холов Изатулло Амонович (Изат Амон) бо мақсади аз маҳбас озод кардани шаҳрванд Шарипов Ҳасан, ки бо гуноҳи машғул шудан ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар Федератсияи Россия қарор дорад, аз бародари номбурда Шарипов Бобоҷон, сокини ноҳияи Восеъ бори аввал 40 ҳазор рубли русӣ ва маротибаи дуюм 1000 доллари ИМА талаб карда мегирад.
Холов И.А. дар ҳаракатҳои тафтишотӣ умуман иштирок накарда, барои ҳимояи айбдоршаванда Шарипов Ҳасан ягон кор анҷом надодааст. Ҳамзамон ба ӯ ягон хел кумаки ҳуқуқӣ низ нарасонидааст.
Холов И.А. маблағҳои бо роҳи фиреб ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф карда, ба шаҳрванд Шарипов Б. зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
Мувофиқи нишондоди Шарипов Бобоҷон — Холов И.А. ба боварии даҳҳо нафар корафтодагон даромада, бо роҳи фиреб маблағҳои калони пулӣ гирифта, аз худ намудааст.
ВКД ҶТ хоҳиш менамояд, онҳое, ки дучори қаллобии Холов И.А. гардидаанд, ба телефони «Боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ: 221-21-21 занг зананд.








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






