Кишварҳои ИДМ машқи зиддитеррористии «Каспий-Антитеррор 2021» баргузор мекунанд

Март 26, 2021 10:45

ДУШАНБЕ, 26.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи роҳбарони (сардорони ситодҳои) марказҳои миллии зиддитеррористии (ММЗТ) кишварҳои узви ИДМ имрӯз, 26 март дар Москва  баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба бюрои матбуотии ММЗТ ИДМ.

Мавзӯи ҷаласа: «Масъалаҳои мубориза бо терроризм дар чаҳорчӯбаи ИДМ дар шароити тағйирёбии таҳдидҳо ба амнияти миллӣ мебошад. Ҷаласа дар шакли видеоконфронс доир мешавад. Иштирокчиёни он тамоюл ва омилҳои ба амнияти кишварҳояшон таъсиррасонро муҳокима намуда, дурнамои кӯтоҳмуддати рушди вазъро ташккул медиҳанд ва самтҳои афзалиятноки ҳамкории мақомоти амният ва хадамоти махсусро дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм муайян мекунанд.

Дар кори ҷаласа иштироки намояндагони мақомоти салоҳиятдори нуҳ давлати ИДМ, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, вазоратҳои мудофиа ва корҳои хориҷии Федератсияи Россия ба нақша гирифта шудааст.

                                                               АКС аз casp-geo.ru

Март 26, 2021 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд