Коршиносони мақомоти салоҳиятдори СҲШ тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии прекурсорҳоро баррасӣ карданд

Март 11, 2021 15:52

 ДУШАНБЕ, 11.03.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай имрӯз ҷаласаи гурӯҳи кории коршиносон оид ба назорати прекурсорҳои Машварати роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви СҲШ, ки ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ваколатдор шудаанд, тариқи онлайн  баргузор гардид. Сардори шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентӣ, полковники хадамоти назорати маводи нашъаовар Бозоралӣ Сафарализода дар мулоқоти мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ намуд.

 Дар ин бора аз Агентии назорати маводи нашъаовар ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд.

Коршиносони мақомоти зиддимухаддиротии давлатҳои узви СҲШ бандҳои дахлдори лоиҳаи Нақшаи корӣ (2021-2023) оид ба татбиқи Барномаи амал оид ба татбиқи Стратегияи зидди маводи нашъаовари кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай барои солҳои 2018-2023-ро, ки ба ин гурӯҳ  вобаста буданд, муҳокима карданд.

Ҳамчунин дар ҷаласаи мазкур иштирокчиён масъалаҳои рушду тақвияти ҳамкории муштаракро дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии прекурсорҳо баррасӣ намуда, андешаҳои худро иброз доштанд.

Дар хотима оид ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд, ки онҳо дар санади ҷаласа дарҷ гардиданд.

Март 11, 2021 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд