ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ AFC-2021: «Истиқлол» Арабистони Саудӣ меравад

Март 14, 2021 10:21

ДУШАНБЕ, 14.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2021 дар гурӯҳи «А» бо иштироки чемпиони Тоҷикистон – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе – дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Истиқлол» дар як гурӯҳ бо дастаҳои «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Шабоб ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) ва ғолиби ҷуфти «Ал-Ғарафа» (Қатар) – АГМК (Узбекистон) дар плей-офф бозӣ мекунад.

Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2021 чемпиони Тоҷикистон шаш бозӣ хоҳад кард. «Истиқлол» аввалин дидорашро дар марҳилаи гурӯҳӣ 15 апрел муқобили чемпиони АМА – клуби «Шабоб ал-Аҳлӣ Дубай» анҷом медиҳад.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2021 дар минтақаи Ғарб ба таври муттамарказ аз 14 то 30 апрел, дар минтақаи Шарқ бошад, аз 21 апрел то 7 май сурат мегирад.

Тибқи низомнома, бо натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони 5 гурӯҳ дар ҳар ду минтақа, ҳамчунин седастаӣ аз ҳар минтақа, ки ҷои дуюмро ишғол мекунанд ва нишондоди хуб доранд, ба марҳилаи 1/8-финалӣ роҳхат мегиранд.

                                         АКС аз ФФТ

 

Март 14, 2021 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад