Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад

Март 12, 2021 10:20

ДУШАНБЕ, 12.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё Тоҷикистонро макони баргузории бозиҳои марказонидашудаи Ҷоми AFC-2021 дар гурӯҳи «F» тасдиқ кард, ки дар он барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон- дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд иштирок мекунад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 дар минтақаи Марказӣ, дар гурӯҳи «F» ҳарифони дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд-дастаҳои АГМК ё «Насаф»-и Ӯзбекистон, «Олтин Асир»-и Туркманистон ва «Алай»-и Қирғизистон ҳастанд. Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 дар формати марказонидашуда дар як давр аз 14 то 20 май доир мегардад. Бозиҳои марказонидашудаи Ҷоми AFC-2021 дар гурӯҳи «Е» аз 14 то 20 май дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон доир мегарданд, ки ғолиби Ҷоми Тоҷикистон – дастаи «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб бо дастаҳои футболи  «Дордой»-и Қирғизистон ва «Аҳал»-и Туркманистон вомехӯрад.

Ғолибони гурӯҳҳои минтақаи марказии Ҷоми AFC-2021 дар финали минтақа байни ҳам   вомехӯранд, ки аз ду бозӣ иборат буда, аз 11 то 25 август ба нақша гирифта шудааст. Дар сурате, ки дастаи АГМК ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2021 роҳхат бигирад, Ӯзбекистонро дар Ҷоми AFC-2021 «Насаф» намояндагӣ мекунад. Дар ҳоли муваффақ нашудан дар бозии плей-оффи Лигаи чемпионҳо клуби АГМК дар Ҷоми AFC-2021 иштирок менамояд.

Ҷоми КФО-2021

Минтақаи марказӣ

Гурӯҳи «Е»

Макон – Бишкек, Қирғизистон

«Равшан»  (Тоҷикистон)

«Дордой» (Қирғизистон)

«Аҳал» (Туркманистон)

Даври 1-ум

14 май (ҷумъа)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Равшан»  (Тоҷикистон)

Даври 2-юм

17 май (душанбе)

«Дордой» (Қирғизистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

Даври 3-юм

20 май (Панҷшанбе)

«Равшан»  (Тоҷикистон) — «Дордой» (Қирғизистон)

Гурӯҳи «F»

Макон – Душанбе, Тоҷикистон

АГМК ё «Насаф» (Ӯзбекистон) — «Алтин Асир» (Туркманистон)

«Хуҷанд»  (Тоҷикистон)-«Алай» (Қирғизистон)

Даври 1-ум

14 май (ҷумъа)

АГМК ё «Насаф» (Ӯзбекистон) – «Алай» (Қирғизистон)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Хуҷанд»  (Тоҷикистон)

Даври 2-юм

17 май (душанбе)

«Алай» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

«Хуҷанд»  (Тоҷикистон)– АГМК ё «Насаф» (Ӯзбекистон)

Даври 3-юм

20 май (панҷшанбе)

АГМК ё «Насаф» (Ӯзбекистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

«Хуҷанд»  (Тоҷикистон) – «Алай» (Қирғизистон)

Март 12, 2021 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад