НАВРӮЗ-2021. Дар Душанбе баландтарин дар ҷаҳон табақи сабзаи суманак насб гардида, дарозтарин дастурхони идона густурда мешавад
ДУШАНБЕ, 10.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази шаҳри Душанбе — майдони «Дӯстӣ», дар паҳлӯи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ баландтарин табақи сабзаи суманак, ки рамзи баҳору Наврӯз аст, қомат меафрозад. Баландии суманак 30 метрро ташкил дода, паҳноии табақи он 16 метрро дарбар мегирад.
Дар ин бора имрӯз ба АМИТ «Ховар» директори Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» Нурҷаҳон Исмоилзода хабар дод.
Ба гуфти Нурҷаҳон Исмоилзода, инчунин дар майдон, дар паҳлӯи ин рамзи наврӯзӣ, дастурхон бо дарозии 10 метр ва паҳноии 6 метр густурда хоҳад шуд, ки он тибқи анъанаи асосӣ ва қадимаи ҷашни Наврӯз — «ҳафт син» ва «ҳафт шин» ороста мешавад.
Дар майдони марказии пойтахт ҳамчунин дарахтони пургул, гулҳои рангоранг ва дигар ороишоти наврӯзӣ насб мегарданд. Девораи намоиши гулҳои баҳорӣ бо дарозии 45 метр ва баландии 3 метр — аз навгониҳои дигар дар ин майдон бахшида ба ҷашни пуршукӯҳи ниёгон мебошад. Дар майдон инчунин конструксияи наврӯзӣ бо кураи Замин ва навиштаҷоти «Наврӯз муборак!» гузошта мешавад.
«Ҳоло аз ҷониби кормандони мо ороишдиҳии майдон бахшида ба иди Наврӯз идома дорад»,- афзуд Н.Исмоилзода.
Соли дуюм аст, ки бузургтарин табақи сабзаи суманак- рамзи баҳору Наврӯз бо баландии 30 метр дар маркази пойтахти Тоҷикистон гузошта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2019 дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ тасдиқ гардид.
Он аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст.
Рамзи мазкур арчамонанд буда, аз ҳафт қабат иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамоянд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирони суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.
Дар асоси хулосаҳои донишмандон, мардумшиносон ва фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз аз миёни рамзҳои наврӯзӣ, ки аз гулҳои бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва парандаҳои асотирии симурғ ва парасту иборатанд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Соли нави миллӣ ва пайки омад — омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардид.
Минбаъд суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи миллӣ барои таҷлили Соли нави миллӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ истифода хоҳад гашт.
Донишмандон бар он ақидаанд, ки суманак дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон маъмул буда, ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ дар арафаи Соли нави миллӣ ва ҷашни Наврӯз омода мешавад. Суманак инчунин ифодагари пайдо шудани заминдорӣ ва кишоварзӣ дар миёни қабилаҳои ориёӣ буда, муносибату муҳаббати деҳқонро ба гандум, ки ризқу рӯзии одам аст, ифода менамояд. Дар зарфи гирд омода кардани суманак рамзи коиноту замин буда, ҷовидонагии табиату инсонро тасвир месозад.
Баъди ҷаҳонӣ шудани иди Наврӯз Созмони Милали Муттаҳид ва ЮНЕСКО суманак дар кураи заминро бо навиштаҷоти “Рӯзи Наврӯзи байналмилалӣ” ҳамчун рамзи наврӯзӣ интихоб карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудаанд.
Ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо тавсия дода мешавад, ки рамзи мазкурро ба ҷойи арча дар назди идораҳо, кӯчаву хиёбонҳо, иншооту хонаҳои истиқоматӣ ҳамчун рамзи ҷашни Наврӯз ва таҷлили Соли нави миллӣ насб намоянд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт низ бахшида ба ҷашни Наврӯз корҳои омодагӣ идома доранд.
Хотиррасон менамоем, ки имсол Наврӯз дар Тоҷикистон бе намоишҳои анъанавии калонҳаҷми театрикунонидашуда таҷлил мегардад. Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии коронавирус, гузаронидани консертҳои алоҳида ва ҳаҷман хурд ва мусобиқаҳои варзишӣ, инчунин сайругашти идона бо риояи ҳамаи қоидаҳои беҳдотию санитарӣ иҷозат дода шудааст.










Рустами Эмомалӣ бо мақсади бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ бо бостоншиносону таърихнигорон вохӯрӣ намуданд
Имрӯз иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Бо иштироки 2500 нафар кӯдакон дар Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардид
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
«QR-РОҲНАМО». Шаҳри Душанбе ба марҳилаи нави сайёҳии рақамӣ қадам мегузорад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки 20 ҳазор нафар ҳамоиши идона доир шуд
Рустами Эмомалӣ бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитзюн мулоқот намуданд
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид
Таҷлили бошукуҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе






