Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба дзюдо миёни ҷавонон муайян шуданд

Март 15, 2021 11:02

ДУШАНБЕ, 15.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 13-14 март  дар «Қасри теннис»-и  шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба дзюдо миёни ҷавонони соли таваллудашон 2001-2006 баргузор шуд. Дар ин  бора шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳадаф аз баргузории мусобиқа муайян кардани мавқеи паҳлавонон дар раддабандии ягонаи ҷумҳуриявӣ буд, ки имкон медиҳад ҳангоми сафарбарии онҳо ба мусобиқаҳои байналмилалӣ беҳтаринҳо интихоб шаванд.

Хотиррасон мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур 341 нафар варзишгар аз ҳамаи минтақаҳои кишвар иштирок ва дар вазнҳои -60кг, -66кг, -73кг, -81кг, -90кг, -100кг ва +100кг қувваозмоӣ карда, ғолибону ҷоизадорон ба таври зайл муайян шуданд:

-60кг (105 нафар)
1. Муҳаммадсолеҳ ҚУВВАТОВ (Душанбе)
2. Аҳмад АЮБОВ (ШНТМ)
3. Амир АЗИЗУЛЛОЕВ (Душанбе)
3. Анушервон МАҲСИДИНОВ (Душанбе)

-66кг (98 нафар)
1. Абубакр ШЕРОВ (Душанбе)
2. Фирӯз МЕЛИБОЙЗОДА (Душанбе)
3. Сарвар АБДУШУКУРОВ (Душанбе)
3. Фазлиддин САДРИДДИНЗОДА (Душанбе)

-73кг (66 нафар)
1. Масъуди АҲМАДҶОН (Душанбе)
2. Субҳиддин ХАЛИЛЗОДА (Душанбе)
3. Ғаниҷон ҒАНИЕВ (Душанбе)
3. Муҳаммад САЪДУЛЛОЕВ (Душанбе)

-81кг (42 нафар):
1. Муҷиб МЕҲРОБҶОНЗОДА (Суғд)
2. Сунатулло ЛОИҚОВ (Душанбе)
3. Саидраҳим РАҲИМОВ (бошгоҳи «Вастан», Дарвоз)
3. Тӯйчибек ШАРИФОВ (Душанбе)

-90кг (18 нафар):
1. Муин ОРИФОВ (Душанбе)
2. Раҳматулло МИРЗОЕВ (бошгоҳи «Вастан», Дарвоз)
3. Бахтовар БОБОХОНОВ (Душанбе)
3. Муҳсин МАЛАЕВ (Душанбе)

-100кг (5 нафар):
1. Сайфулло НЕЪМАТЗОДА (Душанбе)
2. Парвиз АБДУРАҲМОНОВ (Душанбе)
3. Дилшод БОБОХОНОВ (Душанбе)

+100кг (7 нафар):
1. Давлатҷон НАЗРИЕВ (Хатлон-2)
2. Толибҷон ТОҲИРОВ (Душанбе)
3. Иброҳим ЭЛМУРОДОВ (Душанбе)
3. Ҷаҳонгир ҲАЙДАРЗОДА (Душанбе)

Дар асоси муқаррароти Федератсияи дзюдои  Тоҷикистон ва тибқи ҷадвали имтиёзҳо, ба ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ 700 хол, ҷойи дуюм – 490 ва барои ҷойи сеюм 350 хол дода шуд.

Март 15, 2021 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад