Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба дзюдо муайян гардиданд

Март 1, 2021 08:50

ДУШАНБЕ, 01.03.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар   толори варзишии «Муассисаи давлатии маркази тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб»-и (Манеж) шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба дзюдо байни наврасони солҳои таваллуди 2004-2006  дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин  бора шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар рӯзи якуми мусобиқа паҳлавонони вазнҳои 50, -55 ва -60кг рақобат карданд. Дар ҷамъбасти мусобиқа варзишгарон дар вазнҳои -66, -73, -81, -90 ва +90кг бо ҳам сабқат намуданд.

Дар натиҷаи қувваозмоиҳо ғолибон ва ҷоизадорони зерин муайян гардиданд:

-50кг (46 дзюдочӣ)

  1. Ҷурахон Амирхонзода (Хатлон-1)
  2. Эҳсон Сафарзода (Душанбе)
  3. Ҷуъмахон Азимов («Мактаб-интернати тамоюли варзишӣ», ш.Душанбе)
  4. Раҷабалӣ Мирвализода (ш.Душанбе)

-55кг (48 дзюдоҷӣ)

  1. Абдулло Куканшоев (бошгоҳи «Ҳоҷӣ Шариф», ш.Душанбе)
  2. Комил Ҳаитов (ШНТМ)
  3. Дилшоди Хӯҷабой (н.Варзоб)
  4. Дилшод Мисоқов (Душанбе)

-60кг (40 дзюдоҷӣ)

  1. Бобоҷони Мухтадир (Душанбе)
  2. Самир Муҳаббатов (бошгоҳи «Вастан», н.Дарвоз)
  3. Орифи Абдулло (Хатлон-2)
  4. Муҳиддин Асадуллоев (Душанбе-2)

-66кг (29 дзюдоҷӣ)

  1. Аббоси Ҳодихон (Душанбе)
  2. Сайраҳмон Қодиров (ШНТМ)
  3. Аминҷон Абдуҷалилзода (Душанбе-2)
  4. Муҳаммад Юсуфзода (Душанбе)

-73кг (23 дзюдоҷӣ)

  1. Эҳсон Искандарзода (Душанбе-2)
  2. Сунатулло Мусоев (Душанбе)
  3. Мусохон Ғаниев (Душанбе-2)
  4. Бахтиёр Ғафуров (бошгоҳи «Вастан», н.Дарвоз)

-81кг (8 дзюдоҷӣ)

  1. Сомон Кишваров (Душанбе)
  2. Аҳлидин Мақсудов (бошгоҳи «Вастан», н.Дарвоз)
  3. Билол Муъминов (Душанбе)
  4. Маҳмадшо Ҳусейнзода (Душанбе-2)

-90кг (8 дзюдоҷӣ)

  1. Муҳсинҷон Малаев (Душанбе-2)
  2. Абдураҳмон Намозов (Душанбе)
  3. Шерзод Абдуллоев (Душанбе)
  4. Исроил Элмуродов (Душанбе)

+90кг (4 дзюдоҷӣ)

  1. Парвиз Абдураҳмонов (Душанбе-2)
  2. Бобоҷон Зиёев (Хатлон-1)
  3. Муҳаммад Авғонов (Душанбе)
  4. Муродбек Файзуллоев (Норак)

Мавриди ёдоварист, ки дар мусобикаии мазкур 166 варзишгар аз манотиқи гуногуни кишвар иштирок намуда, ғолибони мусобиқа  бо  диплом ва  медалҳо   сарфароз гардиданд.

Март 1, 2021 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид