Омина Сафарова: «Мақсади тракторчӣ шуданам ёрӣ расонидан ба деҳқонон ва занону духтарони деҳа аст”

Март 6, 2021 14:02

ДУШАНБЕ, 06.03.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар деҳаи мо дар 60 гектар кишти картошка гузаронидан имконпазир буда, ягон адад трактор мавҷуд нест. Аз ин рӯ, дар деҳот занону духтарони ба кишоварзӣ машғул ба мушкилоти техникӣ дучор мегарданд. Ман аз ин хотир касби тракторчиро интихоб намуда, соли 2016 ба Литсейи касбии техникии ноҳияи Лахш дохил шуда, онро бо касби тракторчӣ-машинисти хоҷагии қишлоқ соли 2017 бо баҳои аъло хатм намудам. Чунин гуфт  тракторчии ҷавон Омина Сафарова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар арафаи Рӯзи Модар.

Миёни зану мард имрӯзҳо барои интихоби касб тафовут вуҷуд надорад, зеро зан ҳам инсон  аст ва метавонад дар ҳамаи соҳаҳо кор карда, обрӯву нуфуз пайдо намояд. Дар баробари ҳамаи касбҳои интихобкардаи занону бонувон касби тракторчигӣ бештар ба мардон хос мебошад, зеро самти фаъолияти касбии ӯ идора, таъмир ва дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани намудҳои гуногуни тракторҳо, комбайнҳо ва мошинҳои боркаш, инчунин машғули шудгор, кишти замин ё ҷамъоварии ҳосил шудан мебошад. Аммо ин касб имрӯзҳо байни занону бонувон ҳам маъмул шуда истодааст.

Омина Сафарова мисоли  чунин бонувон- духтарони ҷавони тракторчӣ мебошад. Ӯ соли 1999 дар деҳаи Янгиери  Ҷамоати деҳоти Ҷиргатоли ноҳияи Лахш, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.

Дар суҳбат бо мо ин ҷавондухтар гуфт, ки мақсади интихоби  касби техникӣ, яъне тракторчӣ шуданаш  ёрӣ расонидан ба деҳқонон, занону духтарони деҳа ва дар оянда омӯхтани рондани трактор ба онҳо мебошад. Тавре мегӯянд:

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,
Меҳри онро дар дилаш андохтанд.

Омина изҳор намуд, ки  Лахш яке аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ба шумор рафта, мардуми он ҷо аслан ба кишоварзӣ машғуланд. Ноҳия барои рушди соҳаи кишоварзӣ, махсусан картошкапарварӣ хеле мусоид мебошад, зеро иқлими хуб дорад.  Дар мавсими кишту кор деҳқонон, асосан занону духтарон ба корҳои кишоварзӣ машғул буда, баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ талош менамоянд.

Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  26 январи соли 2021  зикр шуда буд, фаъолияти бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар назаррас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35 600 нафар ва занони соҳибкор 77400 нафарро ташкил медиҳад. Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.

Омина гуфт, ки модараш  Чинигул Сафарова ном дораду деҳқонзан мебошад ва 1 гектар замини хоҷагии деҳқонӣ дошта, ба кишти картошка машғул аст. Аммо мушкилии асосии ин кишоварззанон аз  набудани трактор аст.

Ҳамзамон Омина соли 2018 ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии  омӯзгории ноҳияи Рашт ба факултаи таърих ва ҳуқуқ супорида, ҳоло дар курси 4 таҳсил дорад. Инчунин аз соли 2019 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 ба ҳайси роҳбари «Созмони талабагӣ» фаъолият намуда истодааст.

Ёдовар мешавем, аввалин зане, ки трактор мерондааст, Прасковя (Паша) Никитична Ангелина будааст. Вай 12 январи соли 1913  дар деҳаи Старобешевои ноҳияи Мариуполи вилояти Екатеринослави Империяи Россия дар оилаи юнониҳо таваллуд шудааст.Соли 1929 Паша Ангелина курси тракторчигиро хатм карда, ба ҳайси тракторчӣ дар стансияи мошинсозӣ ва трактории Старо-Бешевская кор мекунад. Соли 1933 вай дар ин МТС бригадаи трактории занона ташкил карда, ба он сардорӣ кардааст.  Ногуфта намонад, ки имрӯзҳо дар соҳаи кишоварзӣ ба касби тракторчӣ талабот калон аст. Ҳар ронандаи трактор бояд маълумоти миёна — маълумоти махсус, шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи “Е”, инчунин малакаи касбии таҷҳизоти ронандагӣ дошта бошад. Тракторчӣ бояд дар бораи сохтори трактор, нигоҳдорӣ ва таъмири он дониши мукаммал дошта, қувваи ҷисмонӣ, тобоварӣ, чашми тезбин, шунавоӣ ва интизоми  хуб дошта бошад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Март 6, 2021 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он
Дар Тоҷикистон соҳаи аритмиология рушд меёбад