Ҷозеф Байден ба Эмомалӣ Раҳмон: «Соли ҷорӣ ИМА ва Тоҷикистон 30-солагии шарикӣ ва ҳамкориро ҷашн мегиранд»

Март 21, 2021 09:30

ДУШАНБЕ, 21.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Соли ҷорӣ Иёлоти Муттаҳида ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-солагии шарикӣ ва ҳамкориро ҷашн мегиранд. Дар ин бора Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден дар номаи табрикотии худ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз изҳор доштааст.

«Мо дар муқовимат бо терроризм, мубориза бо пандемия ва муҳайё намудани шароити беҳтар барои мардуми кишварҳоямон талош намудем», — зикр намудааст Ҷ. Байден.

Президенти ИМА зикр мекунад, Маъмурияти ӯ бесаброна хоҳони он аст, ки бо Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои амнияти умумӣ ва амиқтар намудани ҳамкорӣ дар соли оянда, аз ҷумла ҷиҳати дастгирии талошҳо баҳри сулҳи Афғонистон ҳамкорӣ кунад.

«Мо инчунин умедвори он ҳастем, ки раванди C5+1-ро, ки таҳти роҳбарии Котиби Давлатӣ Ҷон Керрӣ панҷ сол пеш оғоз ёфта буд, идома диҳем», — зикр намудааст Ҷ. Байден.

Март 21, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад