Озмуни зебоии «Маликаи Ҳисор» — тарғибгари зебоипарастӣ
ДУШАНБЕ, 28.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз озмуни зебоии «Маликаи Ҳисор» баргузор гардид, ки дар он 10 нафар иштирокчиёни даври якум, ки дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ғолиб гардида буданд, иштирок намуданд. Довталабони озмун аз рӯи 8 номина — «Маликаи Ҳисор», «Маликаи Наврӯз», «Баҳори гулбасар, «Бонуи ҳунар, «Бонуи ҷавонӣ», «Бонуи булбулсухан», «Бонуи ҳусн» ва «Зебосанам» сабқат намуда, аз ҷониби ҳакамон бо меъёрҳои муқарраргардида баҳогузорӣ шуданд.
Ғолибон ва иштирокчиёни озмун бо тоҷу лентаҳои рамзӣ, ифтихорномаю диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Озмун бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор гузаронида шуда, ҳадафаш тарғиби зебоипарастӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва ташаккули санъати суханварӣ мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






