Parimatch маъракаи нави ҷаҳонии таблиғотиро бо иштироки ситораҳои асосии «Ювентус» оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 15.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, шарики расмии букмекерии дастаи футболи «Ювентус» — Parimatch маъракаи нави ҷаҳонии таблиғотиро бо иштироки ситораҳои асосии дастаи мазкур — Артур Мело, Луис да Силва Данило, Алваро Морат, барандаи панҷкаратаи «Тӯби тиллоӣ» Криштиану Роналду ва дарвозабон Войсех Шенснӣ оғоз кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз идораи букмекерии «Parimatch» хабар доданд.
Ин маърака фарогири импулсҳои зарди электрикии Parimatch буда, гузариши ширкати букмекериро ба давраи онлайнӣ нишон медиҳад ва ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии тамға дар байни мухлисони клуби серҷоизаи Италия равона шудааст.
Гуфта мешавад, ки шарикии «Ювентус» ва Parimatch аз доираи шартномаи имзошуда фаротар аст. Ин ҳамкорӣ омезиши ду энергия, ду дастаи пурқувват, ду тамға мебошад. Неруи «Ювентус» дар таърихи 124-солаи он, беш аз 70 ҷоиза, анъанаҳои гуногун ва албатта дастгирии беназири миллионҳо мухлисон дар тамоми ҷаҳон аст. Неруи «Parimatch» дар далерӣ, ҷавонӣ, шӯҳратпарастӣ ва надоштани монеаҳояш мебошад.
Директори маркетингии Parimatch Иван Ляшенко тазаккур дод, ки дар тӯли 6 моҳи охир мо шарикии ду тамғаи пурқувватро, ки барои миллионҳо мухлисон дар саросари ҷаҳон вақтхушӣ фароҳам меоранд, мушоҳида намудем.
«Мо қадам ба қадам шарикии худро тақвият медиҳем ва аз маъракаи нав, ки бо неруи тамғаҳои «Ювентус» ва «Parimatch» роҳандозӣ шудааст, оғоз мекунем. Ҳузури ситораҳои футболи ҷаҳонӣ дар навор якҷоя бо неру ва ҷасорати Parimatch манзараи воқеан дурахшон аст!» — таъкид кард Ляшенко.
Бояд гуфт, ки маъракаи таблиғотӣ бо ситораҳои клуби Турин дар робита бо бунбасти саросарӣ новобаста аз ҳама маҳдудиятҳо роҳандозӣ шудааст. Бо шарофати кордонӣ ва саъю кӯшиши «Ювентус» ва Parimatch, навори таблиғотӣ натанҳо дар амал татбиқ гашт, балки як дастаи воқеан афсонавии дастаро ба тамошобинон ва мухлисони футбол наздик намуд. Шарикии Parimatch ва «Ювентус» бори дигар собит кард, ки ҳама чиз имконпазир аст.
«Ҳамкории нави «Ювентус» ва «Parimatch» намунаи олии маърака дар доираи маҳдудиятҳои карантинии шадид аст. Ба ҳеч чиз нгоҳ накарда, мо кӯшиш кардем, ки эҳсосот ва харизми ҳар як бозигари «бянконериҳо»-ро бо сояҳои тамғаамон расонем. Боварӣ дорам, ки «Ювентус» ва «Parimatch» дастаи беҳтарин ҳастанд ва худи навор ҳамоҳангии неру ва қувваи моро ба хубӣ инъикос мекунад», — гуфт Директори тиҷоратии «Parimatch» Катерина Амирхамова.
Навор аз ҷониби хонаи продюсерии Украина «Electric Sheep Film» ба навор гирифта шудааст. Филмро Андрей Копотс ва Макар Северин таҳия кардаанд. Наворро оператор Никита Кузменко, ки қаблан бо Кэти Перри ва Карди Б. кор кардааст, ба навор гирифтааст. Мусиқии наворро оҳангсози украинӣ ва овозхони «ONUKA Band» Евгений Филатов, маъруф бо номи «Манекен», офаридааст.
«Electric Sheep Film» инчунин визуализатсияи ниҳоиро дар ҳамкорӣ бо мағозаи «massa + motion design» иҷро кардааст.
МАЪЛУМОТИ АМИТ «ХОВАР»:
Parimatch тамғаи ҷаҳонии букмекерӣ мебошад, ки технология, тиҷорат ва варзишро барои фароҳам овардани вақтхушиҳои беайб дар навоварӣ муттаҳид мекунад. Parimatch соли 1994 таъсис ёфта, имрӯз ба яке аз ширкатҳои пешбари букмекерии Аврупо ва ИДМ мубаддал гаштааст.
Parimatch бо таваҷҷуҳ ба технологияҳои рақамӣ кор мекунад ва сифати хизматрасонии муштариёнро, ки беш аз 2,6 миллион нафар аҳолии чор қитъаро ташкил менамоянд, доимо рушд ва такмил медиҳад.
Сафирони Parimatch руҳияи ҷангии ширкат ва рисолати онро барои саъй кардан ба бузургӣ таҷассум мекунанд! Ба ҳайати дастаи «Parimatch» супер қаҳрамонҳои ММА Конор МакГрегор, ҷанговарони UFC Алексей Олейник, Петр Ян ва хоҳарон Шевченко шомил мебошанд. Соли 2020, Parimatch ҳамкориро бо «LaLiga»-и Испания, дастаҳои «Лестер Сити» ва «Эвертон»-и Англия ва «Ювентус»-и Италия эълон карда, тамға ва маҳсулоти худро ба миллионҳо мухлисони варзиш дар саросари ҷаҳон муаррифӣ намуд.
Parimatch инчунин шарики ҷаҳонии букмекерии дастаи машҳури «eSports Fnatic», шарики унвонии «Virtus.Pro» ва шарики истисноии UFC дар ИДМ мебошад. Сафирони «Global Esports» Даниил «Зевс» Тесленко ва Марсело «Колдзера» Дэвид мебошанд.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии якуми санҷишӣ бар дастаи Лубнон пирӯз шуд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муайян шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бо дастаи Лубнон бозии санҷишӣ баргузор мекунад
Самбочиёни Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Москва соҳиби ду медали биринҷӣ шуданд
«ФУТБОЛ ВА РУШДИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон китоби иттилоотӣ-омӯзишӣ нашр гардид
Мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) 12 медал ба даст овард
«Регар-ТадАЗ» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 роҳ ёфт
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2026. Дастаҳои «Равшан» – «Хуҷанд» ва «Эсхата» – «Сардор» ба даври нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) варзишгарони зиёда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд
ВАРЗИШ — ПАЙКИ СУЛҲ, ДӮСТӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Ҳамоиши фарҳангию фароғатӣ ва варзишию солимгардонӣ доир шуд






