Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода: «Саҳми воситаҳои ахбори омма дар муаррифии дастовардҳои кишвари тозаистиқлоламон арзанда аст»
ДУШАНБЕ, 11.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Саҳми воситаҳои ахбори омма дар муаррифии дастовардҳои кишвари тозаистиқлоламон арзанда буда, ҳамчун омили пешбарандаи ҷомеа дар таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон нақши муҳим доранд. Рӯзноманигорон дар тарғибу ташвиқ ва инъикоси фаъолияти ҳокимияти олии қонунгузор ва намояндагии кишвар бетараф набуда, ҳамкории судманд ба роҳ мондаанд. Ин матлабро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода имрӯз зимни иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум иброз дошта, рӯзноманигорон, намояндагони расонаҳои гуногуни давлатӣ ва ғайридавлатиро бо иди касбиашон – Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуд.
Зикр шуд, ки бо ибтикор ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1995 аз ҷониби Парламенти ҷумҳурӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, 11 март Рӯзи матбуоти тоҷик унвон гирифт ва аз ҳамон сол инҷониб дар саросари кишвар расман ҷашн гирифта мешавад.
Маҳмадтоир Зокирзода иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии баён таъмин буда, фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи реклама» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим карда мешавад.
-Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ низоми фаъолияти матбуот низ дигаргун шуда, метавон гуфт, ки матбуоти даврии тоҷик дар таъмини фазои иттилоотӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва фарҳангии ҷомеа нақши муҳим дорад,-афзуд Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






