Раиси вилояти Суғд бо ҳайати дастаи футболи «Истаравшан» мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 13.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан мулоқот намуд.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки футбол яке аз намудҳои оммавитарини варзиш ба ҳисоб рафта, он дар ҷаҳони имрӯза ҳамчун қосиди сулҳ, омили муҳими таҳкими дӯстии халқҳо ва муаррифи кишварҳо шинохта шудааст.
Дар ин замина мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои рушди футбол дар вилоят тадбирҳои зарурӣ амалӣ намуда истодааст. Дар Лигаи олии кишвар аз вилояти Суғд се даста — «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва дастаи футболи «Эсхата» бозӣ мекунанд.
Гуфта шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Истаравшан кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки барои рушди соҳаи варзиш дар шаҳр шароити мусоид фароҳам оварда, дастаи футболи шаҳрро барои иштирок дар бозиҳои Лигаи олии кишвар ҳамаҷониба дастгирӣ ва омода намоянд.
Дар таърихи клубҳои футболи Тоҷикистон Клуби футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истарвашан яке аз қадимтарин клуб ба шумор меравад. Он соли 1938 бо номи «Спартак» (Ӯротеппа) таъсис ёфтааст. Дар мавсими дебюти худ дастаи «Спартак» ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфта буд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дастаи футболи шаҳри Истаравшан соли 1992 яке аз аввалинҳо шуда, ба Лигаи Олии кишвар шомил гардид ва то имрӯз яке аз дастаҳои пурқувват ва номдор дар сатҳи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Раиси вилоят дар охир ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва шахсони масъул супориш дод, ки барои муҳайё намудани шароити мусоид ва дастгирии доимии даста тадбирҳои муассир андешанд.








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






