Самбочиёни тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон иштирок мекунанд

Март 14, 2021 09:19

ДУШАНБЕ, 14.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25-26 март дар шаҳри Москваи Руссия Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо баргузор мешавад, ки дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон ширкат мекунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи самбои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷоми ҷаҳон, ки ба хотираи асосгузори самбо дар ҷаҳон Анатолий Харлампиев гузаронида мешавад, яке аз сабқатҳои пурнуфуз буда, чемпионати ҷаҳони ғайрирасмӣ номида мешавад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 11 нафар ба Москва сафарбар мегарданд: Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов, Зафар Олимшоев, Деваштич Убайдӣ, Сорбон Латифов, Сомон Сангов, Садр Боев, Рамазон Ҷумъев, Аҳтам Ҳусейнов, Меҳрубони Абдулҳақ ва Алхатаби Фирдавс.

Соли 2020 ин мусобиқа ба далели пандемияи Covid-19 дар охири сол баргузор шуд, ки варзишгарони тоҷик 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Қувваозмоиҳо аз рӯи категорияҳои вазнии зерин сурат мегирад:

Самбо варзишӣ (мардҳо) – 58кг, 64кг, 71кг, 79кг, 88кг, 98кг, +98кг;

Самбои варзишӣ (бонувон) – 50кг, 54кг, 59кг, 65кг, 72кг, 80кг, +80кг;

Самбои размӣ (мардҳо) – 58кг, 64кг, 71кг, 79кг, 88кг, 98кг, +98кг.

АКС аз КМО Тоҷикистон

Март 14, 2021 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад