Абӯбакр, Мирзоҷамил, Ҷаҳонгир ва Темур ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт-2021» гардиданд
ДУШАНБЕ, 22.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 20-21 марти соли равон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт-2021» аз рӯи вазнҳои то 65 кг, 75 кг, 90 кг ва +90 кг дар сатҳи баланд баргузор гардид. Ғолибони мусобиқаи мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо шоҳҷоизаҳо — 4 автомашинаи сабукрав, Ҷоми «Пойтахт-2021» ва туҳфаву ифтихорномаҳо мукофотонида шуданд. Дар ин бора шореҳи варзишии АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН хабар медиҳад.
Дар мусобиқаи мазкур қариб 130 варзишгар аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ба ҳам омада, дар вазнҳои гуногун қувваозмоӣ намуданд.
Мусобиқа тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Федератсияи миллии «Гӯштингирӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд сурат гирифт.
Ҳадафи асосӣ аз роҳандозӣ намудани ин мусобиқаи варзишӣ ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти он, солимгардонии сокинони пойтахт ва дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни миллӣ — Наврӯз мебошад.
Қобили зикр аст, ки рӯзи аввал қувваозмоиҳои даврҳои муқаддамотӣ дар 4 категорияи вазнӣ баргузор шуда, беҳтаринҳо ба даври финалӣ, ки рӯзи дуюм доир шуд, роҳхат гирифтанд.
Ба финали вазни -65кг Абубакр Боқиев бо Алиҷони Сафаралӣ роҳ ёфтанд. Дар ин рақобати ҷолиб Абубакр Боқиев ғолиб омада, сазовори шоҳҷоиза — мошин гарид. Ҷои дуюмро Алиҷони Сафаралӣ ишғол намуд. Ҷойҳои сеюмро бошад дар ин вазн Сорбон Латифов ва Ориф Додов пас аз пирӯзӣ бар ҳарифоншон соҳиб гардиданд.
Дар вазни -75 кг Мирзоҷамил Рамазонов нисбат ба ҳарифонаш қавитар буд. Ӯ дар финал бар Амонулло Азимов ғолиб омада, сазовори автомашинаи тамғаи «Карола» гардид. Медалҳои биринҷӣ бошад, дар ин вазн насиби Раҳматуллоев Саидшоҳ ва Камолов Саиднабӣ гардид, ки дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм ҳарифонашонро мағлуб намуданд.
Медали тиллои вазни -90кг-ро Ҷаҳонгир Маҷидов соҳиб шуд. Ӯ дар финал Ҳамроз Раҷабовро шикаст дода, соҳиби шоҳҷоиза — мошини тамғаи «Тайота Аввалон» гашт. Ҷоиҳои сеюми ин вазнро бошад, Амирҷони Насим ва Комроншоҳи Устопириён соҳиб гардиданд
Ҳамчунин дар вазни +90кг Темур Раҳимов пас аз пирӯзӣ бар Раҳмат Фарҳодов сазовори шоҳҷоиза — мошини сабкрав ва Ҷоми «Пойтахт-2021» гардид. Дар қувваозмоӣ барои ҷойҳои сеюм бошад, Шоҳрух Амирхонов ва Абубакри Акобир бар рақибонашон ғолиб омада, соҳиби ҷои сеюм гаштанд.
Ғолибону ҷоизадорони ин мусобиқа бо медалҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва ҷоизаҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе сарфароз шуданд.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба Иди Наврӯз баргузор намудани мусобиқаҳои гӯштингирӣ ва пойгаи аспдавонӣ дар пойтахт ба ҳукми анъана даромадааст.






















Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






