Се паҳлавони шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи «Grand Slam Antalya 2021» иштирок мекунанд

Март 30, 2021 14:40

ДУШАНБЕ, 30.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1  то 3 апрел дар шаҳри Анталияи кишвари Туркия мусобиқаи  «Antalya Grand Slam 2021»  оид ба  гӯштини  дзюдо баргузор мешавад.   Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ин мусобиқа 3 паҳлавони шинохта  – Шаҳбоз Саидабуроров (-60кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) ба  шаҳри Анталия сафарбар гардиданд.

Дар ин  бора шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин мусобиқаи муҳташами ҷаҳонӣ ширкати 501  варзишгар,  аз ҷумла 293 мард ва 208 бону аз 96 кишвари 5 қитъаи рӯи олам дар назар аст.

Хароҷоти сафари Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов ба  мусобиқаи мазкур аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи Барномаи «Дастгирии молиявии варзишгарон – Токио-2020»  пардохт карда шуд.

Ин панҷумин  мусобиқа дар доираи «World Judo Tour» дар соли равон мебошад. Ҳафтаи гузашта Шаҳбоз Саидабуроров  дар  мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam-2021»   дар вазни то 60кг  кишвари моро намояндагӣ кард. Шаҳбоз, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Ӯзбекистон Шарофиддин Лутфуллоев, дар даври сеюм бар намояндаи Юнон Савва Каракизиди ғалаба кард, вале дар чорякфинал аз намояндаи дигари Ӯзбекистон Комрон Нуриллоев мағлуб шуд. Ӯ сипас дар қувваозмоии тасаллобахш варзишгари Украина Олег Вередиба ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм варзишгари Нидерланд Торнике Тсйакадоеаро шикаст дода, сазоавори медали  биринҷӣ гардид.

Барои Шаҳбоз Саидаброров ин дуюмин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ аст. Ӯ се ҳафта қабл дар мусобиқаи Гранд слами Тошканд ҷои панҷумро ба даст оварда буд.    Шаҳбоз барои ин дастовард бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 1500 доллари ИМА сарфароз шуда, соҳиби 500 хол  гардид ва мавқеашро дар раддабандии олимпӣ беҳтар намуд.

Мавриди зикр аст, ки чун дигар мусобиқаҳои ҷаҳонии дзюдо  дар Гранд Слами Анталия низ варзишгарон барои ба даст овардани холҳои олимпӣ талош мекунанд. Ҳамчунин ба ғолибону ҷоизадорон ба ғайр аз медал ҷоизапулӣ тақдим мегардад. Барои ҷои якум – 5000 доллари ИМА, ҷои дуюм – 3000, ҷойи сеюм – 1500 доллари ИМА.

Ёдрас мешавем, ки муҳлати системаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Токио 28 июн ба анҷом мерасад. То он вақт варзишгарони тоҷик имкони иштирок дар Чемпионати Осиё (Бишкек, 6-9 апрел), Гранд Слами Қазон (5-7 май) ва Чемпионати ҷаҳонро (Будапешт, 6-13 июн) доранд.

Пас аз натиҷагирии ҳамаи ин мусобиқаҳо шакли ниҳоии раддабандии олимпӣ нашр мешавад, ки тибқи он 18 нафари аввали ҳар категорияи вазнӣ бо дарназардошти дар як вазн як варзишгар аз ҳар КМО, инчунин тариқи раддабандии қитъавӣ (аз Осиё 10 нафар) ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро доранд, ки аз 23 июл то 8 августи имсол доир мешавад.

Март 30, 2021 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд