Шаҳбоз Саидабуроров дар мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam»-и Гурҷистон соҳиби медали биринҷӣ шуд
ДУШАНБЕ, 30.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Гурҷистон — шаҳри Тбилиси мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam» оид ба дзюдо баргузор гардид. Дар рӯзи ниҳоии мусобиқа Ҷумҳурии Тоҷикистонро Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг муаррифӣ кард. Ин паҳлавони шинохтаи тоҷик дар даври аввал озод буда, рақобатро аз даври дуюм бар зидди намояндаи Эстония – Кусик Матиас баргузор кард. Дар ин сабқат Комроншоҳ аз худ маҳорати баланд нишон дода, рақибро бо усули «иппон» мағлуб намуда, ба даври сеюми мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam-2021» роҳ ёфт. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вале, мутаассифона, Комроншоҳи Устопириён дар даври сеюм аз варзишгари кишвари Исроил — Ли Кохман ноком шуда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуд.
Хотиррасон мекунем, ки дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ инчунин Шаҳбоз Саидабуроров дар вазни то 60кг кишвари моро намояндагӣ кард. Шаҳбоз, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Ӯзбекистон Шарофиддин Лутфуллоев, дар даври сеюм бар намояндаи Юнон Савва Каракизиди ғалаба кард, вале дар чорякфинал аз намояндаи дигари Ӯзбекистон Комрон Нуриллоев мағлуб шуд. Ӯ сипас дар қувваозмоии тасаллобахш варзишгари Украина Олег Вередиба ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм варзишгари Нидерланд Торнике Тсйакадоеаро шикаст дода, сазоавори медали биринҷӣ гардид. Медали тиллои ин вазнро варзишгари мизбон Темур Нозадзе ба даст овард. Медали нуқра насиби Комрон Нуриллоеви ӯзбекистонӣ ва медали дигари биринҷӣ насиби варзишгари Озарбойҷон Каромат Ҳусейнов шуд.
Барои Шаҳбоз Саидаброров ин дуюмин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ аст. Ӯ се ҳафта қабл дар мусобиқаи Гранд слами Тошканд ҷои панҷумро ба даст оварда буд. Шаҳбоз барои ин дастовард бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 1500 доллари ИМА сарфароз шуда, соҳиби 500 хол гардид ва мавқеашро дар раддабандии олимпӣ беҳтар намуд.








Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






