Шаҳбоз Саидабуроров ва Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam»-и Гурҷистон иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 25.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 то 28 марти соли равон, дар шаҳри Тбилисии Гурҷистон мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди гуштини дздо таҳти унвони «Tbilisi Grand Slam» баргузор мегардад. Дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ Ҷумҳури Тоҷикистонро паҳлавонони шинохтаи ҷумҳурӣ Шаҳбоз Саидабуроров дар вазни -60кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни -90кг намояндагӣ мекунанд.
Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳамчунин дар ин мусобиқа иштироки 501 варзишгар аз ҷумла, 273 мард ва 228 зан аз 82 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Дар рӯзи аввали мусобиқа рақобатҳо дар вазнҳои -60кг, -66кг миёни мардон ва -48кг, -52кг, -57кг миёни занон баргузор мешавад.
Дар рӯзи дуюм паҳлавонони вазнҳои -73кг, -81кг миёни мардон ва -63кг, -70кг миёни бонувон рақобат хоҳанд кард. Мусобиқа 28 март бо қувваозмоиҳои вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон ва -78кг, +78кг миёни бонувон ба поён мерасад.
Қобили зикр аст, ки иштирокчиёни мусобиқа имкони касби имтиёзҳои олимпиро доранд. Барои мақоми аввал — 1000 имтиёз, дуюм — 700 имтиёз ва сеюм — 500 имтиёз дода мешавад. Инчунин беҳтаринҳои мусобиқа бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз гардонида мешаванд. Дар ҳар як вазн ба ғолиби ҷойи якум 5000 доллари ИМА, ҷойи дуюм — 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ тақдим карда мешавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






